ҶСП “Вавилон-Мобайл” Ҷоизаи Миллӣ дар соҳаи тиҷорати электрониро сазовор гардид

Навид

ҶСП “Вавилон-Мобайл” Ҷоизаи Миллӣ дар соҳаи тиҷорати электрониро сазовор гардид

6 –уми декабр дар шаҳри Душанбе нахустин маросими тақдими Ҷоизаи Миллӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe доир шуд, намояндагони соҳибкорӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи IT-ро барои таҷлил ва қадрдонӣ аз дастовардҳо дар соҳаи тиҷорати рақамӣ ва технологияҳо ҷамъ овард.

Дар доираи ин маросим, беҳтарин лоиҳаҳо ва ширкатҳое, ки саҳми назаррас дар рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон гузоштаанд, қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумлаи яке пешсафони ин соҳа – ҶСП «Вавилон-Мобайл» мебошад, ки ҳалли рақамии навро фаъолона таҳия мекунад ва мавқеи пешсафии худро дар бозори тиҷорати электронӣ нигоҳ медорад.

ҶСП «Вавилон-Мобайл»якбора дар 3 номинтасия ғолиб дониста шуд:
1.Дар номинатсияи «Беҳтарин стартапи ватанӣ» «Барои равиши навоварона, татбиқи ғояҳо ва саҳми назаррас дар рушди тиҷорати электрони дар Тоҷикистон»;
2. Дар ноинатсияи «Беҳтарин мағозаи Интернетӣ» «Барои хизматрасонии босифат ва муноисб ба истифодабарандагон ва саҳмгузорӣ дар рушди тиҷорати онлайн дар Тоҷикистон»;

3 Дар номинатсияи «Беҳтарин платформаи электронӣ (маркетплейс)» (Бозори «AVVAL») «Барои ташкили платформаи муносиб, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон».  

Ҷоизаи Миллӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон (АУЭКТ) ташкил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Ҷоизаи Миллӣ як қадами муҳим дар рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон гардид. Вазифаи асосии он – таҳрик додани иқтисодиёти рақамӣ, кӯмак ба соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори логистикӣ дар кишвар мебошад.