ҚАДАМИ НАВ БАРОИ БЕҲСОЗИИ СИФАТИ АЛОҚА: TCELL НАХИ ОПТИКИИ БАЙНИ ЁВОН ВА ВАХДАТРО ФАЪОЛ КАРД

Навид Ҳисоботҳои Хадамот

ҚАДАМИ НАВ БАРОИ БЕҲСОЗИИ СИФАТИ АЛОҚА: TCELL НАХИ ОПТИКИИ БАЙНИ ЁВОН ВА ВАХДАТРО ФАЪОЛ КАРД

Ширкати Tcell рушди инфрасохтори иртиботи худро идома медиҳад, то муштариёнашро бо алоқаи баландсифат ва устувор таъмин намояд. Ҳафтаи равон роҳандозии хатти нави оптикӣ байни ноҳияҳои Ёвон ва Ваҳдат анҷом ёфт.

Лоиҳаи мазкур марҳилаи муҳими таҷдиди шабака мебошад, зеро он имкон медиҳад, зарфияту иқтидори шабакаи интиқоли маълумот зиёд гардида, барои муштариёни ин минтақаҳо алоқаи боз ҳам боэътимодтар фароҳам оварда шавад.

Бо ба кор андохтан ноқили ҷадиди нурӣ сокинон ва корхонаҳои ноҳияҳои Ёвон ва Ваҳдат ба хизматрасониҳои зер дастрасӣ пайдо менамоянд:

• Дастрасии устувортар ба интернети мобилӣ;
• Суръати баланди интиқоли маълумот ҳатто дар давраи сарбории ҳадди аксар(максималӣ);
• Коҳиши хатари қатъи иртибот бо сабаби баланд бардоштани эътимоднокии инфрасохтор.
Лоиҳаи мазкур як қисми барномаи бузургмиқёси таҳкими шабакаи Tcell ва омодагии он ба талаботи рӯзафзуни муштариён мебошад. Мо корҳои васлу насбро идома медиҳем, то ҳар як муштарӣ новобаста аз он ки дар куҷо қарор дорад, бо алоқа таъмин бошад!