Ҳамкориҳои байналмилалии “Почтаи Тоҷикистон” тавсеа меёбанд
Имрӯз дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” вохӯрии роҳбарияти Корхона бо гуруҳи намояндагони ширкати машваратии AETS-и Фаронса баргузор гардид. Зимни мулоқот вазъи хизматрасонии почта дар Тоҷикистон, имкониятҳои нави логистикӣ, истифода аз технологияи муосири хизматрасонӣ ба хусус гузариш ба нақлиёти гуногунсохти барқӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки дар доираи Кумаки техникии БАТР барои Лоиҳаи миллии ҳаракати барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони AETS бо шароиту имкониятҳои мавҷуда дар муассисаву идораҳо ошно гардида барои ҳамкориҳои оянда, заминаи мусоидро пайдо менамоянд.
Аз ҷониби роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии идораҳои почта бо нақлиёти барқии гуногунсохт таваҷҷуҳи махсус равона гардид, зеро тавассути онҳо сареъият ва сифати хизматрасонии почта бамаротиб боло меравад. Мутахассисони AETS ба нақшаҳои масъулин бобати ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок аҳамияти ҷиддӣ дода, ба зарурати ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Дар охир меҳмонон аз харитаи муросилотии Тоҷикистон ба дохил ва хориҷи Тоҷикистон шинос гардиданд. Ба онҳо гуфта шуд, ки имрӯз тавассути Почтаи Тоҷикистон ба 192 давлати дунё мактубҳо ва дигар молу маҳсулот ирсол мегардад.