Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи муросилоти почта тақвият меёбад

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи муросилоти почта тақвият меёбад

Дар доираи Форуми раҳбарони почтаҳои кишварҳои Аврупо ва ИДМ «Уфуқҳои нав: Рушди тиҷорати электронӣ, инноватсия ва занҷирҳои таъминот барои ноил шудан ба муваффақият дар оянда», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд,  Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик»  бо ҶСК «Кыргыз почтасы»  Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Ёддошти ҳамкориро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» Мирзозода Саидалӣ Саид ва муовини директори генералии ҶСК «Кыргыз почтасы»  Назгул Акунова ба имзо расониданд.

Ин қадам ба таҳкими шарикӣ, рушди хидматрасониҳои электронӣ ва такмил додани ҳалли логистикӣ байни кишварҳо нигаронида шудааст. Саъю кӯшиши муштарак ба ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки хидматрасонии муосир, қулай ва боэътимод, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд, ба вуҷуд биоранд.

Бояд гуфт, ки муосиргардонии фаъолияти «Почтаи тоҷик» яке аз афзалиятҳои фаъолияти соҳаи алоқаи Тоҷикистон эътироф гардидааст.  Рақамикунонии соҳаи муросилоти почта, барои вусъати фаъолияти маркетплейсҳо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфуз дар ин соҳа фаъолияткунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки зина-зина амалӣ мешаванд.

Бо ин мақсад Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» мекӯшад, ҳамкориҳои байналмилалиро фаъолона инкишоф дода, сифати хизматрасониро ба мизоҷони худ беҳтар созад.