Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши радиомониторинг вусъат меёбад
1 майи соли равон ҳайате аз алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд.
Ин ҳайатро Ҳабибулло Сафолов, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” раҳбари намуда, мақсади асосии ин боздид шиносоӣ бо таҷрибаи корҳои ченкунӣ дар соҳаи истифодабарии спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва табодули таҷриба дар соҳаи радиомониторинг мебошад.
Дар доираи сафар табодули таҷриба байни мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чандин масъаларо дар бар мегирад. Ташкили системаҳои идоракунии радио, навъҳои воситаҳои техникӣ ва омӯзиши асбобҳои дар кори ченкунӣ истифодашаванда, ташкили фаъолияти назорати радиоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, сиёсати кадрњо ва такмили ихтисоси мутахассисон, қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт ва пешниҳодҳо оид ба дар оянда ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад аз қабили масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар доираи ин чорабиниҳо барои арзёбии вазъи электромагнитӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои дахлдор, инчунин барои табодули таҷрибаи мутахассисони ҷонибҳо дар корҳои ченкунӣ дар соҳа замина фароҳам оварда мешавад.
