Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа дар нимсолаи якуми соли 2025 доир гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа дар нимсолаи якуми соли 2025 доир гардид

Имрӯз дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи боқимондаи соли 2025 баргузор гардид.

Дар Ҷаласа раиси Ҳайати мушовара – Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло, аъзоёни Ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Хадамот ширкат варзиданд. Ҳамчунин масъулини соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таври маҷозӣ дар ҷаласа ҳузур пайдо карданд.

Зимни баргузории нишасти мазкур натиҷаи фаъолияти кории Хадамот ва масъалаҳои муҳимми соҳаи алоқа дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон ҷиҳати рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати алоқаи мобилӣ дар кишвар, инкишофи шабакаи 5G ва иҷро нақшаи чорабиниҳои дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 солҳои “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар фаъолияти минбаъда пешниҳоду тавсияҳо ба масъулин дода шуд.