Ҷоизаи миллии “Telecom Awards Tajikistan 2025”: баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ оғоз мешавад
Бо ташаббуси Хадамоти алоқа дар семоҳаи чорум (октябр–декабри соли 2025) маросими Ҷоизаи миллии “Telecom Awards Tajikistan 2025” баргузор мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани озмуни мазкур бо иштироки Исфандиёри Саъдулло, Садори Хадамоти алоқа ҷаласаи Кумитаи тадорукот доир шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки инбаъд, ин ҷоизаи соҳавӣ ҳамасола миёни операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳои кишвар сурат мегирад. Ҳадафи он рушди суръат ва сифати хизматрасонии соҳаи алоқа дар Тоҷикистон мебошад.
Кумитаи тадорукот аз намояндагони Хадамоти алоқа Ассотсиатсияи операторони мобилӣ, Ассотсиатсияи интернет-провайдерҳо, ширкатҳои операторӣ ва коршиносони мустақил ташкил шуда, ба ҳайати ҳакамон намояндагони сохторҳои бетараф ва коршиносони мустақил шомил хоҳанд гардид.
Ҷоиза аз рӯйи 15 категория ва номинатсия тақдим мегардад:
• Беҳтарин оператори мобилӣ
• Беҳтарин интернет-провайдер
• Инноватсияи сол дар соҳаи алоқа
• Хидмати инноватсионии сол
• Интихоби муштариён
• Беҳтарин хизматрасонии муштариён
• Беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа
• Лоиҳаи сармоягузории сол
• Иқдоми иҷтимоии сол
• Ширкати босуръат рушдёбанда
• Таносуби нарх ва сифат
• Беҳтарин ҳалли корпоративӣ
• Беҳтарин хидмати рақамии сол
• Зудтарин шабакаи мобилӣ
• Зудтарин шабакаи ноқилӣ
Меъёрҳои баҳогузорӣ аз сифати хизматрасонӣ ва дастгирии муштариён, таносуби нарх ва сифат, навовариҳои техникӣ ва инфрасохтор, навовариҳо ва аҳамияти иҷтимоӣ, масъулияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва эътирофи коршиносон ва муштариён иборатанд.
Баҳогузорӣ бо усулҳои CATI (телефонӣ): арзёбии сатҳи қаноатмандӣ ва садоқати муштариён, Mystery Shopping (харидори махфӣ): арзёбии сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯш, OOKLA Speedtest Intelligence: таҳлили суръат, фарогирӣ ва сифати интернет ва DMTEL: таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ ва мутобиқат ба стандартҳои ETSI гузаронида мешаванд.
Тибқи нақша пас аз тасдиқи ҳайати ҳакамон ва таҳлили натиҷаҳо дар моҳи декабр озмун ҷамъбаст шуда, маросими ҷоизасупорӣ баргузор мегардад.