ҶСК “Тоҷиктелеком” барои саҳми фаъол дар баргузории ICT Week – 2025 қардонӣ ва ғолиби яке аз номинатсияҳо гардид
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” дар доираи баргузории ICT Week – 2025 ба сифати яке аз иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии муҳими навовариҳои муосир, қадрдонӣ гардид.
ҶСК “Тоҷиктелеком” барои саҳми арзанда дар рушди технологияҳои рақамӣ дар кишвар бо сертификат сарфароз гаронида шуда, дар номинатсияи “Барномаи беҳтарини рақамии хизматрасонӣ ба мизоҷон” ғолиб дониста шуд ва соҳиби диплом гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 10 апрел дар Душанбе ICT Week – 2025 баргузор шуд. Баргузории ин чорабинии сатҳи баланд, рӯйдоди ниҳоят муҳим дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳо дар кишвар маҳсуб шуда, заминаи густариш рушди соҳаро такмил медиҳад.