31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ таҷлил мегардад.

Қабули ин қатънома бозгӯи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ мебошад.

Интихоби 31 август низ рамзӣ аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуд, ки яке аз марҳилаҳои муҳим дар ташаккули ин соҳа ба ҳисоб меравад.

Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ барои таҳкими ҳамкории кишварҳо, табодули таҷриба, рушди технологияҳои нав ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати ҷомеа заминаи муҳим фароҳам меорад.