Дар Душанбе насби QR-роҳнамоҳо дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангии пойтахт оғоз гардид. Ин ташаббус ба сокинон ва меҳмонони шаҳр имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии Душанбе маълумоти бештар ба даст оранд.
Лоиҳа аз ҷониби Раёсати рушди сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Asia-Plus амалӣ мешавад.
Маълумот дар бораи мавзеъҳо танҳо бо як скан
Дар назди мавзеъҳои таърихӣ QR-рамзҳои махсус насб карда шудаанд. Бо скан кардани онҳо корбар ба маълумоти марбут ба ҳар як мавзеъ дастрасӣ пайдо мекунад.
Маълумот дар се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, илова бар матн, имкони шунидани маълумот дар шакли аудио низ фароҳам шудааст.
Ин роҳ имкон медиҳад, ки сайёҳон ва сокинони Душанбе бидуни ҷустуҷӯи иловагӣ таърихи мавзеъҳои диданиро мустақиман дар ҷойи воқеии онҳо омӯзанд.
Лоиҳа дар чанд марҳила амалӣ мешавад
Дар марҳилаи аввал QR-роҳнамоҳо дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангии Душанбе насб шудаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда шумораи мавзеъҳои фаро гирифташуда ва имкониятҳои иттилоотӣ васеъ карда мешаванд.
Ба гуфтаи масъулони лоиҳа, ҳадафи ташаббус рушди зерсохтори сайёҳӣ, рақамикунонии маълумоти таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани дастрасии осон ба иттилоот барои сокинон ва меҳмонони хориҷии пойтахт мебошад.
QR-роҳнамоҳо метавонанд ба як воситаи муосири шиносоӣ бо таърих ва мероси фарҳангии Душанбе табдил ёфта, таҷрибаи сайёҳиро дар пойтахт боз ҳам ҷолибтар ва қулайтар гардонанд.