5G дар чанд минтақаи шаҳри Душанбе дастрас гардид

Навид Хабарҳои Хадамот

5G дар чанд минтақаи шаҳри Душанбе дастрас гардид

 

Аз тарафи ширкати Tcell дар чанд маҳаллаи шаҳри Душанбе истгоҳи базавии алоқа бо стандарти 5G насб гардид.

Истгоҳҳои мазкур дар суроғаҳои 63 мкр, 65 мкр ва 91 мкр мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тибқи нақша ва уҳдадориҳои ширкатҳои мобилӣ, минтақаи фарогирии шабакаи насли нав – 5G дар шаҳри Душанбе, густариш меёбад.

Нуқтаҳои фарогирӣ:
📍Суроға: Душанбе, 63 мкр.
кӯчаи Фирдавсӣ 95/1
📍 Суроға: Душанбе, 65 мкр.
кӯчаи Фирдавсӣ 87 «АООТ Марҳабо»
📍Суроға: Душанбе, 91 мкр.
кӯчаи Панҷрӯд 80 «А»