Хадамот

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 сентябри соли 2025, № 480

 

Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ­ Хадамот) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои идора, назорат, танзим ва баамалбарории хизматрасонии алоқаи барқӣ, алоқаи почта, алоқаи маҳвораӣ ва иттилоотонӣ (минбаъд

­ алоқа ва иттилоотонӣ) таъмин менамояд.

  1. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
  2. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.

 

2.  ВАЗИФАҲО, ВАКОЛАТҲО ВА ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ

  1. Хадамот вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

­таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­ташаккул, идоракунӣ ва пешбурди раванди фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­муайян намудани зарурату имконияти ташаккул ва ҷорӣ намудани инфрасохтори таъмини алоқа ва иттилоотонӣ;

­танзим ва пешбурди фаъолияти маркази тамос оид ба масъалаҳои сифати алоқа дар кишвар;

­тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идоракунии он, ҷудо намудани рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои универсалии алоқа, IР суроғаҳо);

­додан, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;

­бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа, шарту талаботи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, риояи тартиби истифодабарии радиобасомадҳои ҷудогардида ва воситаҳои техникии истифодашаванда, тартиби истифодаи рақамҳои ҷудогардида;

­тасдиқи шартномаҳои пайвасти байнишабакавии операторони алоқаи барқӣ;

­иштирок дар кори Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди минтақавии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва дигар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­гузаронидани ташхиси лоиҳаю барномаҳо оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техникӣ, низом ва шабакаҳои иттилоотонӣ, технологияҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати техникӣ ва додани хулосаҳо;

­гузаронидани ташхиси шабакаи алоқаи барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва анҷом додани назорати онҳо;

­назорат ва бозрасии ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқа, фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ, фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, почта ва иттилоотонӣ, пардохти саривақтии хироҷҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ;

­андешидани чораҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ муқарраргардида;

­барои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани пешниҳодҳо дар бораи меъёрҳои тақсими басомадҳо; гузаронидани радиомониторинг ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

­тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намудани ҳамоҳангии таъиноти басомадҳо бо маъмурияти мақоми алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва бақайдгирии таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

­иштирок дар омодасозии лоиҳаҳои созишномаҳои байни Хадамот ва маъмурияти мақомоти алоқаи давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ҳамкорӣ бо маъмурияти мақомоти алоқаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­ташаккул ва пешбурди махзани маълумоти таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронии истифодабарии шаҳрвандӣ;

­омода ва амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои самтҳои асосии рушди шабакаҳои алоқаи барқӣ, алоқаи почта, низомҳои иттилоотӣ дар заминаи мониторинги ҳолати дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ андешидани чораҳои дахлдор барои таъмини мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар истеъмолкунандагон бо хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ;

­муайян кардани талаботи техникӣ ба таҷҳизоти алоқа ва иттилоотонӣ, ки дар шабакаи алоқа ва иттилоотонӣ истифода мешаванд;

­амалигардонии танзими истифодабарӣ ва ҳифзи ҳуқуқии захираҳои радиобасомадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тақсими (таъини) спектрҳои радиобасомадҳо, гузаронидани ташхиси мутобиқати электромагнитӣ;

­мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­назорати тарофаҳои тасдиқшуда ва мувофиқашуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор нисбати рақобати бевиҷдонона андешидани чораҳои зарурӣ;

­тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шарту талаботи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, бартарафкунии сигналҳои иҷозатдоданашуда ва радиохалалҳо;

­назорати риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқа ва васеъкунии онҳо, новобаста аз шакли шабака;

­амалигардонии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати идораи шабакаҳои алоқаи барқӣ ва иҷрои тадбирҳо оид ба барқароркунии онҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин таҳия ва амалисозии нақшаҳои омодагии мобилизатсионии шабакаҳои мазкур дар ҳолатҳои фавқулода;

­муқаррар кардани намунаҳо, арзиш (номинал), теъдоди нашр ва муҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофаҳои почтавии маркадор, ташкили нашр ва паҳнкунии онҳо;

­ташкили таъини индексҳои почтавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули коллексияи давлатии аломатҳои пардохти почта;

­муқаррар кардани принсипҳои ҳисоббаробаркунӣ бо ташкилотҳои почтавии давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли муросилоти почтавии байналмилалӣ;

­такмил додани бозори хизматрасониҳои алоқа ва иттилоотонӣ;

­танзими фаъолияти ширкатҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;

 

­муқаррар кардани тартиби интиқоли сарбории шабакаҳои алоқаи барқӣ, ҳалли баҳсҳо дар доираи ваколатҳои худ;

­додани сертификати мутобиқат ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқаи барқӣ, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз он ҷумла барномаҳои таъминотие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд;

­ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шаҳрвандон ва дар ҳолатҳои фавқулода таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;

­амалигардонии корҳо оиди баҳисобгирӣ ва таъминоти тақсими хатти минтақавии басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, мутобиқати электромагнитӣ, дар ҳолати омодабошии доимӣ нигоҳ доштани захираҳои радиобасомадҳо, ҳамоҳангсозии онҳо ва гузаронидани назорати радиотехникӣ, радиомониторинг ва ташхис дар асоси шартнома ва нархномаи тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқагардида;

­ҷудо намудани радиобасомад ва рақамгузорӣ дар соҳаи алоқа;

­ташкили комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи алоқа;

­ташкили омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон, баланд бардоштани тахассус ва малакаи онҳо;

­амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Хадамот мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда дорои ваколатҳои зерин мебошад:

­амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди алоқа ва иттилоотонӣ;

­таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­муайян ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи хизматрасониҳо дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­назорати тарофаҳои соҳаи алоқа;

­ба мақомоти дахлдор ирсол намудани пешниҳодҳо ҷиҳати баланд ва ё паст намудани тарофаҳо дар соҳаи хизматрасониҳои алоқа ва иттилоотонӣ;

­таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, почта ва хадамоти курерӣ дар асоси хизматрасонии босифат ва риояи маҳрамияти мукотибот, инчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри иттилооти хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;

­иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдегерӣ;

­муқаррар намудани тартиби пайвастшавии байнишабакавӣ ва назорати сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­идоракунии Нақшаи миллии рақамгузории алоқаи барқӣ;

­идоракунӣ ва таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

­таҳия ва амалисозии фаъолият дар соҳаи тақсимот ва истифодаи захираҳои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

­иштирок дар таҳия ва мувофиқасозии тарифҳои хизматрасонии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

­ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва бозомӯзии кормандони соҳаи алоқа;

­мусоидат барои ҷалби мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи алоқа, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилотию коммуникатсионӣ;

­ҳамоҳанг ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии ба соҳаи алоқа тааллуқдошта, таъмини самаранокии амалигардонии онҳо;

­тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ.

  1. Барои иҷрои ваколатҳои худ Хадамот метавонад ҳуқуқҳои зеринро амалӣ намояд:

­ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотониро пешниҳод намояд;

­мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ҷалб намояд;

­барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда аз мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолият менамоянд ва ё истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад мебошанд, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти заруриро (аз ҷумла маълумоти биллингиро) талаб ва қабул намояд;

­воситаҳои техникӣ, молу мулк ва маблағҳои дар тавозун ва суратҳисобҳои худ мавҷудбударо тибқи талаботи қонунгузорӣ истифода ва ихтиёрдорӣ намояд;

­марказҳои таҳлилӣ­техникӣ, ташхисӣ ва иқтисодиро таъсис диҳад;

­дар таъсис додан, азнавташкилдиҳӣ, барҳам додан ва хусусигардонии корхонаҳои соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ иштирок намояд ва хулоса диҳад;

­фаъолияти истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомадро бо мақсади риояи тартиби истифодабарӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;

­барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудан, истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои баландбасомад ва дигар таҷҳизоти алоқа ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, аз ҷумла барои истифодабарии озмоишӣ иҷозат диҳад, истифодабарии онҳоро, ки ба стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, манъ намояд;

­барои истифодабарии спектри радиобасомадҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат диҳад, иҷозати радиобасомадҳоро ҳангоми риоя накардани тартиби истифодабарии онҳо бозхонд намояд;

­таҷҳизоти дахлдорро, ки аз санҷиши давлатӣ гузаштааст, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, бозрасиҳо ва санҷишҳо истифода намояд;

­ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда семинару ҳамоиш ва дигар чорабиниҳоро гузаронад;

­дастурамал, қоида, шартҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хусусияти хуқуқӣ доштаро таҳия ва тасдиқ намояд;

­фаъолияти операторони алоқаи почтаро бо мақсади риояи қоидаҳои хизматрасонии алоқаи почтавӣ ва курерӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;

­барои истифодаи рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои универсалии алоқа, IP суроғаҳо) иҷозат диҳад;

­бо тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронад ва шартномаҳоро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба имзо расонад;

­дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин кунад;

­ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, доро мебошад.

 

3.  ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЛТИ ХАДАМОТ

  1. Хадамотро сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  2. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ масъулияти шахсӣ дорад.
  3. Сардор дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
  4. Сардор дар доираи ваколатҳои худ:

­ба фаъолияти Хадамот роҳбарӣ мекунад;

­байни муовинони худ уҳдадориҳоро аз рӯи самтҳои фаъолият тақсим мекунад;

­ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Хадамотро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;

­дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби муқарраршуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Хадамот имзо мекунад, бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ робита менамояд, ҳайати намояндагонро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кор дар асоси мувофиқаи тарафайн қабул ва ирсол мекунад;

 

­манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳимоя мекунад;

­бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ санадҳоро дар шакли фармоиш қабул мекунад, инчунин супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои минтақавӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамот ҳатмӣ мебошанд;

­дар ҳудуди шумораи воҳидҳои муқарраршудаи кормандон ва фонди музди меҳнат, рӯйхати басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷоти нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;

­харҷномаи хароҷоти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро тасдиқ мекунад;

­низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Хадамот ва бо тартиби муқарраршуда низомномаҳо ва оинномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро тасдиқ менамояд;

­бо тартиби муқарраргардида роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбар, муовинони роҳбар, инчунин роҳбарони бахши молиявии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад ва нисбати онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҳавасмандкунӣ ва ҷавобгарии интизомиро меандешад;

­қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Хадамотро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;

­тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҳавасманд менамояд;

­назорати дохилиро дар Хадамот ташкил ва таъмин менамояд;

­фаъолияти молиявию хоҷагидории Хадамотро назорат менамояд;

­дар доираи вазифа, ваколат ва ҳуқуқҳои Хадамот тадбирҳои дигарро амалӣ менамояд.

  1. Дар ҳолати набудани сардор, вазифаҳои ӯро муовини якуми сардор ё бо супориши сардор яке аз муовинони ӯ иҷро мекунад.
  2. Хадамот дар доираи ваколатҳои худ қоидаҳо, дастурамалҳо ва дастурҳои методиеро интишор месозад, ки иҷрои онҳо барои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамот ҳатмӣ мебошанд.
  3. Хадамот дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштаракро таҳия ва қабул мекунад.
  4. Хадамот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатии дигар, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мемонад.
  5. Барои ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим дар Хадамот дар ҳайати сардор (раиси ҳайати мушовара), муовинони сардор (аз рӯйи мансаб) ва кормандони дигари роҳбарикунандаи Хадамот ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.
  6. Ҳайати мушовараи Хадамот дар ҷаласаҳои худ, ки мунтазам гузаронида мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини мансуб ба ваколатҳои Хадамотро баррасӣ менамояд. Протоколҳо ва қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои сардор тасдиқ мегарданд.
  7. Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷаласаҳои якҷояи ҳайати мушовара бо дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии дигар гузаронида мешаванд.
  8. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Хадамот бо тартиби муқарраргардида мумкин аст мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шуроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда шаванд. Низомномаи онҳо аз тарафи сардор тасдиқ карда мешаванд.

4.  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Хадамот дорои молу мулк мебошад, ки ба он бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода шудааст.
  2. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Хадамот шомиланд, инчунин муассисаҳои Хадамот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.
  3. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, нишони худ, муҳру штампҳои дахлдор, рамзи Хадамот, бланкҳои шакли муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
  4. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Хадамот: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,
  5. Номи пурраи Хадамот:

­бо забони давлатӣ: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

­бо забони русӣ: Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан;

­бо забони англисӣ: Communications Service under the Government of the Republic of Tajikistan.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

аз 25 сентябри соли 2025, № 480

 

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раёсати рушди алоқа ва иттилоотонӣ Раёсати назорат дар соҳаи алоқа Раёсати танзим дар соҳаи алоқа Раёсати ҳуқуқ

Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шуъбаи молия ва муҳосибот

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро

Шуъбаи иқтисод ва маркетинг

 

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

аз 25 сентябри соли 2025, № 480

 

Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шуъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

 

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистона

з 25 сентябри соли 2025, № 480

 

Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон»

Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии иншооти алоқа»

Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдегерӣ»

Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ»

Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Алоқа»