Абдуллозода Фирдавс Зоирҷон

Роҳбарият

 Сардори Раёсати ҳуқуқи алоқаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Абдуллозода Фирдавс Зоирҷон

 

Соли таваллуд: 03.02.1983

Маълумот: олӣ

Ихтисос: ҳуқуқшинос

Соли 2001 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, Академияи номбурдаро соли 2005 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Аз соли 2005 то соли 2024 дар сохтори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла дар ҳайати роҳбарикунанда, фаъолият кардааст.

Аз 27 январи соли 2025 ба вазифаи мудири Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва аз 18 октябри соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати ҳуқуқи Хадамоти алоқа таъин гардид.

Дар вақти кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сипоснома, ифтихорнома ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуд.

Бо нишони сарисинагии “Барои хизматҳои аъло дар МКД” (аълочии милитсия)  сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2014 ба унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол”  мушарраф гардид.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.