Агар фарзандатон дар бораи кӯшиши шиносоии шубҳанок ё муоширати номуносиб дар интернет ба шумо хабар диҳад, оромиро нигоҳ доред ва қадамҳои зеринро иҷро намоед:
- Ӯро сарзаниш накунед. Наврас дар ин ҳолат гунаҳкор нест.
- Барои боварӣ ва ростқавлиаш изҳори сипос намоед. Дастгирии шумо ба ӯ ҳисси амният мебахшад.
- Далелҳоро нигоҳ доред. Скриншотҳо, мукотиба, номи корбар (username) ва дигар маълумоти марбутро ҳифз намоед.
- Ҳисоби шахси гумонбарро масдуд кунед, аммо мукотибаро нест накунед, зеро он метавонад ҳамчун далел истифода шавад.
- Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоед, то масъала тибқи қонун баррасӣ гардад.
Муҳим аст!
Бисёр наврасон аз сабаби тарс, шарм ё эҳсоси гунаҳкорӣ дар бораи ҳолатҳои груминг ба касе хабар намедиҳанд.
Аз ин рӯ, дар оила муҳити эътимод, дастгирӣ ва муоширати ошкоро фароҳам овардан хеле муҳим аст, то фарзанд бидонад, ки дар ҳар вазъият метавонад бе тарс ба волидони худ муроҷиат кунад.
Муоширати ошкоро ва эътимоди байни волидон ва фарзанд беҳтарин воситаи муҳофизат аз ҳар гуна таҳдидҳои интернетӣ мебошад ва аз бисёр воситаҳои техникии назорат самараноктар аст.
#РВКДДушанбе





