Академияи МегаФон 6-сола шуд: ба одамон сармоягузорӣ карда, онҳоро пешсаф менамоем
Моҳи октябр Академияи МегаФон шашсолагии худро ҷашн мегирад. Тӯли тамоми муддати фаъолияти худ он ба платформаи асосии омӯзишӣ табдил ёфт, ки ҳам барои кормандони “МегаФон Тоҷикистон”, ҳам барои аудиторияи берунӣ кушода аст. Дар он ҳар як нафар барои рушди касбии худ, табодули таҷриба ва ҳавасмандшавӣ имкониятеро пайдо менамояд.
Сармоягузориҳо ба муваффақият
Дар ҳоли имрӯз Академияи МегаФон — на фақт як маркази оддии омӯзишист. Он платформаи асосие мебошад, ки дар он ширкат мунтазам ба рушду инкишофи кормандони худ сармоягузорӣ намуда, фарҳанги қавии корпоративиро ташаккул медиҳад. Ин ҷой даҳҳо барномаҳои омӯзишии иборат аз доираи васеи мавзӯъҳо – аз курсҳои пешрафта оид ба зеҳни сунъӣ то трекҳои маҷмӯӣ оид ба идора ва рушди касбу амалӣ карда мешаванд.
«Академия — ин фазо барои рушд мебошад, ки дар он ҳар як корманд барои муайянсозии иқтидори худ ва саҳмгузорӣ дар рушди умумии ширкат имконият хоҳад дошт. Давоми шаш сол мо командаи боқуввати коршиносонеро ташкил кардем, ки ба кормандон дар рушди касбӣ ва шахсӣ мусоидат менамояд”, – қайд намуд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анна Жданова.
Омӯзиш барои ҳама
Имкониятҳои омӯзишии Академия барои ҳама категорияҳои кормандон: аз кормандони нав то мутахассисони ботаҷриба ва роҳбарон дастрас мебошанд. Барои кормандони навомӯз Welcome-курсҳои махсус, ки бо фарҳангу арзишҳои ширкат шинос менамоянд, пешбинӣ карда шудаанд. Кормандони ботаҷриба ихтисоси худро дар тренингҳо оид ба идоракунӣ, пешсафӣ, аналитика, воситаҳои рақамӣ ва рушди soft skills баланд мебардоранд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба табдили рақамӣ зоҳир карда мешавад: курси “Ёвари зеҳни сунъӣ (ЗС) дар дилхоҳ касб” ба кормандон тарзи истифодаи ChatGPT, Leonardo, Midjourney ва дигар воситаҳои нейрошабакаҳоро барои беҳтар кардани самаранокии ҳаррӯза меомӯзонад. “Саводнокии рақамӣ” ба қисми ҷудонопазири касбияти муосир табдил ёфтааст. Мо истифодабарии ЗС-ро на танҳо барои пайгирии трендҳо, балки баҳри расидан ба ҳадҳои баланди самаранокӣ таълим медиҳем“, – таъкид мекунанд дар Академия.
Имкониятҳо барои касбу кор ва пешсафӣ
Яке аз лоиҳаҳои калидӣ, ки роҳҳои нави касбиро мекушоянд, “Марафони касбӣ” ба ҳисоб меравад. Ин силсилаи пахшҳои мустақим ва вохӯриҳо бо коршиносони пешбари МегаФон Тоҷикистон ба кормандон дар фаҳмида гирифтани касбҳои серталаб, бунёди роҳи фардии касбӣ ва рушди малакаҳои муҳим кӯмак мерасонад.
Барои гурӯҳи кормандони идоракунанда барномаҳои махсус таҳия гардидаанд: “Стандарти тиллоии МегаФон” ва “Санъати идоракунӣ”. Онҳо ба такмили сифатҳои пешсафӣ, қобилияти ҳавасмандкунӣ ва самаранок идора кардани командаҳо нигаронида шудаанд.
“Ҳадафи асосии барномаҳои Академия на танҳо омӯзиш, балки ташаккули фарҳанги роҳбарии бошуурона аст. Мо малакаҳои кормандони дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияткунандаро, ки қобилияти аз паси худ бурдани одамон, дастгирӣ кардани команда ва табдилдиҳии донишҳо ба натиҷаҳо мебошанд, ташаккул медиҳем. Академия як навъ майдонест, ки дар он пешсафони ояндаи ширкат тавлид меёбанд”, – мегӯяд роҳбари Академияи МегаФон Тоҷикистон Каринэ Аскарова.
Экосистемаи кушодаи омӯзишӣ
Бо таъкид ба мақоми худ ҳамчун як экосистемаи кушодаи омӯзишӣ, Академияи МегаФон ҳам ташаббусҳои дохилӣ ва ҳам берунаро фаъолона муттаҳид мекунад. Дар ҳамкорӣ бо шарикон ва мактабҳои пешбари тиҷоратӣ он курсҳоеро пешниҳод мекунад, ки ба рушди иқтидори кадрӣ, инчунин салоҳиятҳои рақамӣ ва идоракунӣ нигаронида шудаанд. Ин барномаҳо на танҳо ихтисоси кормандонро баланд мекунанд, балки онҳоро ба драйверҳои воқеии инноватсияҳо ҳам дар дохили ширкат ва ҳам дар бозори телекоммуникатсионӣ табдил медиҳанд.
Академия бо рақамҳо:
* 6 соли фаъолияти бомуваффақият;
* Зиёда аз 5000 корманд ба омӯзиш фаро гирифта шуд;
* Наздики 300 донишҷӯёни берунии Академия;
* 150 коршиносони дохилӣ;
* Зиёда аз 200 барномаву курсҳо;
* Рисолати асосӣ – инкишоф додани одамон, МегаФон Тоҷикистон ва соҳаи телекоми кишвар.
“Рушди кормандони мо – замина барои рушди тамоми ширкат ва ташаккули бозори кормандони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба шарофати Академия командаи МегаФон Тоҷикистон дар назди худ ҳадафҳои бузургу ояндадор мегузорад ва пайваста сифати маҳсулоту имкониятҳои худро боло мебарад. Мо воқеан бо муваффақият мепайвандем”, – хулосабарорӣ намуд Анна Жданова.
Шашсолагӣ муборак, Академияи МегаФон – Бо муваффақият мепайвандем!