Дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи вазифаҳои муайяншуда ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои муҳим вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои густариши иқтисоди рақамӣ дода шуданд.

Аз ҷумла, Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намояд. Диққати асосӣ бояд ба баланд бардоштани сифати интернет ва васеъ намудани фарогирии он, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар, равона карда шавад.

Ин вазифа дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ аҳамияти муҳим дошта, дастрасии васеи аҳолӣ ба интернет ва хизматрасониҳои муосири алоқа барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёт заминаи зарурӣ фароҳам меорад.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки солҳои 2026–2030 дар кишвар «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардида, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 ҳамчун заминаи асосии татбиқи ин ҳадафҳо қабул шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки рақамикунонӣ бояд пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, баланд гардидани шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот буд. Дар ин робита зарурати муттаҳидсозии низомҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти киберӣ ва татбиқи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» таъкид гардид.

Ҳамчунин, ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани хизматрасониҳо тартиби пешниҳоди онҳо бояд содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиатҳои беасос ба чанд мақом бартараф карда шаванд.

Дар баробари рушди инфрасохтори рақамӣ, дар ҷаласа масъалаҳои омодасозии кадрҳо, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ, рушди соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ ва таҳкими амнияти киберӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҳар як лоиҳаи рақамикунонӣ бояд натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбаронро дар бар гирад. Барои солҳои 2027–2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаҳои ниҳоӣ муайян карда шуда, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Шуро бояд ба майдони қабули қарорҳои стратегӣ, бартараф намудани монеаҳои байниидоравӣ ва назорати қатъии натиҷаҳои рақамикунонӣ табдил ёбад.

Ҳамин тавр, иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамоти алоқа гузошташуда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои алоқа, густариши дастрасӣ ба интернет ва фароҳам овардани заминаи боэътимоди техникии рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.