“Анор”: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Дар оламе, ки эҳсосот паси стикерҳою паёмакҳои кӯтоҳ пинҳон шудаанд, оператори мобилии “Анор” хотиррасон мекунад: ҳеҷ чизе овози зиндаро иваз карда наметавонад. Шунидани овози модар, табрик кардани бародар ба муносибати ба дунё омадани кӯдак, муҳокима кардани масъалаҳои муҳим бо дӯст – дар чунин лаҳзаҳо на навиштан, балки гап задан бештар писанд меояд.
Ба ҳар як тарофаи “Анор” дақиқаҳо дохил карда шудаанд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки бо наздикону азизон муоширати зиндаи самимӣ ба роҳ монед ва ғамхории ҳақиқӣ зоҳир намоед.
Тарофаи “Диёр Ultra” 1 000 дақиқа ба ҳамаи шабакаҳои Тоҷикистон, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 65000 Мб интернет ва 50 СМС-ро дар бар мегирад. Арзиш – 65 сомонӣ.
Тарофаи “Диёр Lite” аз 500 дақиқа, 35000 Гб ва 50 СМС иборат буда, 35 сомонӣ арзиш дорад.
“Вақте самимият муҳим аст, ҳарфҳо бояд садо дода шаванд. Ман худ ба наздикон зиёд занг мезанам, зеро овоз он чизеро ифода мекунад, ки бо навиштан ифода наметавон кард”, – мегӯяд Мубориз Усмонов, бренд-амбассадори “Анор”.
Ба дӯстдорони анҷомдиҳии зангҳо дар шабакаи “Анор” технологияи VoLTE – алоқаи овозӣ дар шабакаи насли чоруми 4G/LTE дастрас мебошад. VoLTE садодиҳии комилан тозаро таъмин менамояд: диапазони басомадҳо дар муқоиса ба зангҳои оддӣ ду маротиба васеъ карда шудааст, барои ҳамин овоз бе каму кост расонида мешавад. Ва аз ҳама муҳим – имкони ҳамзамон сӯҳбат кардан ва истифода намудани интернет: тамошои видео, кушодани онлайн-харитаҳо ва муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ бе қатъи алоқа дастрас мебошад.
VoLTE дар бисёри смартфонҳо ба таври автоматӣ пайваст мешавад. Агар чунин нашуд – мушкиле нест: функсияро дар танзимоти телефон фаъол намоед. Ё барои кӯмак ба толорҳои алоқаи “Анор” муроҷиат кунед.
“Анор” алоқаи воқеӣ – он алоқаеро, ки на танҳо телефонҳо, балки дилҳоро мепайвандад, дар маркази диққати худ қарор додааст. Барои ҳамин дар алоқа будан муҳим аст. Лекин дар паҳлӯи якдигар будан аз он ҳам муҳимтар мебошад.