Арзу шикоятҳои муштариён оҷилан ва масъулона баррасӣ мешаванд

Навид Хабарҳои Хадамот

 Арзу шикоятҳои муштариён оҷилан ва масъулона баррасӣ мешаванд

Аз тариқи Макрази тамос то санаи 18 апрели соли 2025  ба  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2850 адад арзу шикоят ворид гардидааст. Аз ин шумора 2040  адади он иҷро гардида, 343 адад арзу шикоят мавриди баррасӣ ва боқимонда дар раванди иҷроиш қарор доранд.

Бояд гуфт, ки аксари муроҷиатҳо ҷиҳати рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ корҳои ченкунӣ ва насби пойгоҳҳои базавии иловагӣ гузаронида шуда, айни замон фаъолият дар самти рушди шабакаҳо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи феврали соли равон дар назди Хадамоти алоқа Маркази тамос бо рақами кӯтоҳи “4030” барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба соҳаи алоқаи барқӣ таъсис дода шуд.  Маркази мазкур фаъолияти шабонрӯзӣ дошта, ба системаҳои коммутатсионии ширкатҳои мобилӣ  пайваст мебошад.