Технологияҳои рақамӣ босуръат ба қисми ҷудонашавандаи зиндагии инсон табдил меёбанд ва бозори меҳнат низ ҳарчи бештар ба мутахассисони соҳаи IT ниёз дорад. Бо ҳамин ҳадаф дар Душанбе «School 21» мактаби ройгони технологияҳои рақамӣ ба фаъолият оғоз кард.
Мо бо намояндаи «School 21» Фирӯза Сафарова дар бораи тарзи қабул, усули омӯзиш, ихтисосҳои пешниҳодшаванда ва имкониятҳое, ки барои ҷавонони тоҷик фароҳам меорад, суҳбат кардем.
– Чаро маҳз «School 21» ном гирифт?
– Сабаб он аст, ки «School 21» донишу малакаҳои рақамии барои асри XXI зарурро пешниҳод мекунад.
– Тавре медонем, қабули довталабон ба «School 21» оғоз шудааст. Бигӯед, ки таваҷҷуҳи мардум чӣ гуна аст ва кадом талабот барои довталабон пешбинӣ шудааст?
– Мардум ба «School 21» таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд. Дар «School 21» ҳамаи хоҳишмандони аз 18-сола боло таҳсил карда метавонанд. Дар байни иштирокчиёни мо ҳам мутахассисони IT ва ҳам касоне ҳастанд, ки бо ин соҳа ошноӣ надоранд. Талаботи асосӣ ин аст, ки довталабон бояд хоҳиши омӯзиш дошта бошанд, то ки як касби навро аз худ кунанд.
– Дар сомонаи «School 21» бо ибораи марҳилаи 14-рӯзаи «бассейн» вохӯрдем. Ин чӣ маъно дорад ва барои чӣ лозим аст?
– Марҳилаи 14-рӯзаи интихобӣ – «Ҳавз» («бассейн») қисми муҳимтарин ва ҷолибтарини раванди қабул ба «School 21» мебошад. Ин танҳо имтиҳон нест, балки воридшавии комил ба муҳити IT мебошад. Пас аз гузаштани ин интенсив, довталабон ба таҳсили асосӣ ворид мешаванд.
– Тибқи маълумоти дастрас, зиёда аз 20 самт дар «School 21» омӯзонида мешавад. Лутфан, доир ба самтҳои омӯзиш маълумот диҳед.
– Пас аз гузаштани марҳилаи 14-рӯзаи интихобӣ, иштирокчиён имкон пайдо мекунанд, ки ба таҳсили асосӣ ворид шаванд ва самти худро интихоб кунанд. Ҳоло дар «School 21» омӯзиши касбҳои зерин имконпазир аст.
Самтҳои барномасозӣ: Backend-барномасоз (C++, Java, Python, Go, C#, Kotlin, Swift, JavaScript), Frontend-барномасоз (JS + HTML + CSS), Барномасози мобилӣ (iOS/Android) Барномасози бозиҳои компютерӣ.
Самтҳои ғайрикодерӣ: Киберамният (Cybersecurity), Илми маълумот (Data Science), Таҳлили системавӣ ва бизнес, DevOps ва таъмини фаъолияти бефосилаи хадамоти пурбор, QA, Биоинформатика, Project Management, Product Management, UX/UI-дизайн.
Бояд гуфт, ки таҳсили асосӣ вобаста ба самти интихобшуда ва суръати омӯзиш аз 9 моҳ то 2 сол давом мекунад. Иштирокчиён худашон суръати омӯзишро мустақилона муайян менамоянд.
– Дар «School 21» муаллим нест, оё бидуни омӯзгор мутахассис шудан мумкин аст?
– Бале, мумкин аст. Инро таҷрибаи ҳазорон хатмкунанда исбот мекунад. Дар соҳаи IT муҳимтарин чиз қобилияти мустақилона пайдо кардани ҳалли вазифаҳост, на танҳо ёд гирифтани назария. Ба ҷои муаллим се унсури асосӣ кор мекунанд: Формати Peer-to-Peer («Баробар ба баробар»). Яъне донишҷӯён аз якдигар меомӯзанд, якҷоя роҳи ҳалро меҷӯянд, рамзро месанҷанд ва кори даставиро рушд медиҳанд. Платформаи интеллектуалӣ: Он вазифаҳои амалиро пешниҳод мекунад, равандро равона месозад ва натиҷаҳоро ба таври худкор месанҷад. Маҳорати ҷустуҷӯи мустақилона: Иштирокчиён тарзи дуруст кор кардан бо ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ҷустуҷӯи маълумотро мисли барномасозони воқеӣ меомӯзанд.
– Раванди омӯзиш чӣ гуна мешавад?
Барои ҳамаи самтҳое, ки дар мактаб барои интихоб дастрасанд, омӯзиш аз «ҳавз» марҳилаи ниҳоии интихобӣ оғоз меёбад. Ин марҳила ба таври ҳузурӣ дар кампуси «School 21» мегузарад ва 14 рӯз давом мекунад. Диққати асосӣ ба забони барномасозии C равона карда шудааст, ки он ҳамчун таҳкурсӣ барои ғӯтавар шудан ба соҳаи технологияҳои рақамӣ хизмат мекунад. Иштирокчиёне, ки «ҳавз»-ро бо муваффақият мегузаранд, ба таҳсили асосӣ ворид мешаванд. Таҳсили асосӣ аз нӯҳ моҳ то ду сол давом мекунад. Ҳамаи донишҷӯён дар бахшҳои IT-и ширкатҳо коромӯзии семоҳаро мегузаранд. Ҳар як хатмкунандаи мактаб кам андар кам ду забони барномасозиро мукаммал меомӯзад. Супоришҳо дар асоси кейсҳои воқеӣ тартиб дода шудаанд. Вазифаҳои шабеҳро бахшҳои гуногуни IT-и ширкатҳои калон ҳал мекунанд. Аз ҳамин сабаб, иштирокчиён фавран дониш ва маҳоратҳоеро мегиранд, ки дар кор ба дард мехӯранд. Иштирокчиён аз рӯзҳои аввали омӯзиш ба муҳите ғӯтавар мешаванд, ки муҳити кории ширкатҳои IT-ро меомӯзанд.
– Оё самти омӯзишро дар миён иваз кардан мумкин аст?
– Пас аз қабул шудан, довталабон имкон доранд, ки самтҳои гуногунро санҷанд ва интихоби ниҳоиро пеш аз лоиҳаи сеюм мекунанд. Ҳамин ки се лоиҳаро аз рӯи як самт иҷро намуданд, он самти асосии онҳо мегардад ва дигар иваз кардан мумкин нест.
– Оё имкон дорад, ки довталаб курсро пурра гузарад, вале муҳимиятҳоро аз худ накунад ва соҳибкасб нашавад?
– Не, ин ғайриимкон аст. Системаи таълимии «School 21» ба методологияи Peer-to-Peer ва омӯзиши амалӣ (Project-based learning) асос ёфтааст. Ин ҷо назарияи хушк ва ёдгирии одӣ нест. Барои гузаштан аз як марҳила ба марҳилаи дигар, донишҷӯ бояд лоиҳаҳои воқеиро мустақилона иҷро кунад ва онҳоро назди ҳамсабақони худ ҳимоя намояд. Платформа ва системаи санҷиш имкон намедиҳанд, ки шахс бидуни дарки амиқи мавзуъ ва ба даст овардани маҳорати амалӣ ба пеш ҳаракат кунад.
– Оё хатмкунандагон диплом мегиранд?
– Пас аз хатми омӯзиш хатмкунандагон сертификати «School 21»-ро ба даст меоранд.
– Омӯзиш бо кадом забон аст?
– Омӯзиш дар «School 21» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мегузарад. Забони англисӣ дар рафти таҳсил барои кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ муфид аст, аммо барои дохил шудан дониши баланди забони англисӣ талаб карда намешавад.
– Дар ҷаҳон садҳо марказҳои омӯзиши IT фаъоланд. «School 21» аз онҳо бо чӣ фарқ мекунад?
– «School 21» аз дигар марказҳои омӯзишӣ фарқ мекунад. Омӯзиш дар асоси методологияи Peer-to-Peer сурат мегирад. Донишҷӯён аз якдигар меомӯзанд, якҷоя лоиҳаҳоро иҷро мекунанд ва рамзи (код)-и якдигарро месанҷанд. Нақши муаллимро платформаи махсуси мактаб мебозад, ки вазифаҳои амалиро пешниҳод карда, раванди омӯзиш ва санҷишро ба таври автоматикӣ назорат мекунад. Кампус шабонарӯз ва бе рӯзҳои истироҳат кушода аст. Ҳар як иштирокчӣ метавонад график ва суръати омӯзиши худро мустақилона танзим кунад. Ва аз ҳама муҳим, таҳсил пурра ройгон аст.
– Оё хатмкунандагон бештар барои бозори меҳнати Тоҷикистон омода мешаванд ё барои ширкатҳои байналмилалӣ?
– Мақсади асосии мо омода кардани мутахассисони баландпоя барои бозори меҳнати Тоҷикистон мебошад. «School 21» пеш аз ҳама барои он фаъолият мекунад, ки соҳаи IT-ро дар кишварамон рушд диҳад ва ширкатҳои маҳаллӣ, бонкҳо, ташкилотҳо ва лоиҳаҳои давлатиро бо муҳандисони дорои маҳорати амалӣ таъмин намояд. Ҳамзамон, азбаски омӯзиш дар асоси стандартҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ сурат мегирад, хатмкунандагони мо донишҳои сатҳи байналмилалиро дар худи Тоҷикистон ба даст меоранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бе тарк кардани кишвар, рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Тоҷикистонро ба муваффақиятҳои нав расонанд.
– Омӯзиш дар «School 21» пурра ройгон аст. Оё чизи ройгон қадрашро гум намекунад?
– Дар «School 21» ройгон будани омӯзиш маънои бекадр будани онро надорад. Ҳеҷ кас ба ин ҷо ба осонӣ намеояд. Довталабон аз марҳилаи мушкили 14-рӯзаи интихобӣ мегузаранд. Касе, ки ин қадар меҳнат карда, аз интихоб мегузарад, арзиши ин ҷойро хуб медонад. Омӯзиш ройгон аст, аммо осон нест. Донишҷӯён вақту энергия ва фикри худро сарф мекунанд. Бе ҳавас ва интизоми мустаҳкам то охир расидан имкон надорад.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Бознашр аз сомонаи www.dialog.tj