АЗ ВАЗЪИ СОҲА ТО ДУРНАМОИ ОН
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” имсол бори аввал Рўзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа дар як рўз – 7-уми май қайд карда мешавад. Ба ин муносибат суҳбати ихтисосие анҷом додем бо сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло.
Аввалан Шумо ва кулли кормандони соҳаи алоқаро ба ин муносибат табрик мегўем. Маълум аст, ки замони мо замони рушди босуръати илму техника аст ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳазорсолаи сеюм – 25 сол муқаддам асри 21-ро асри иттилоотӣ ва технология номида, таъкид намуданд, ки бо назардошти ин ҷомеаи Тоҷикистон бояд ҳамқадами замон бошад.
– Бале, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ислоҳоти соҳа заминаи рушду густариши онҳоро муҳайё сохта, аҳаммияти алоқаи барқиро ба маротиб боло бурд. Яке аз ҳадафҳои роҳбарияти кишвар бо рушди бемайлони соҳа муносиб намудани хизматрасониҳои алоқаи барқӣ бо шароити иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи барқӣ беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, махсусан, паст намудани арзиши интернети мобилӣ ва собит, зангҳои телефонӣ ва таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилиро дар авлавияти фаъолияти хеш қарор додааст.
Дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи алоқа бартараф намудани мушкилоту монеаҳо дар рушду ташаккули соҳа, муносиб намудани хизматрасониҳои алоқа ба ниёзмандиҳои ҷомеа, танзими соҳа бо меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофият, шароит фароҳам намудан барои пайвасти мустақими операторони барқии ватанӣ бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалӣ, боло бурдани сатҳи фарогирии алоқаи мобилӣ дар кишвар ва монанди инҳо қарор дошта, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд суръати тоза касб намуд. Албатта, модернизатсия ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани тамоми соҳаҳои алоқа барои мо муҳим аст.
Айни замон дар кадом самт мушкилот бештар ба назар мерасад ва дар навбати аввали ислоҳот кадом корҳо анҷом дода шудаанд ва хоҳанд шуд?
– Албатта, вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди алоқачиён истодааст, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми се-чор моҳи охир 330 адад стансияҳои базавӣ насб карда шуда, 19,4 километр хатти нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу роҳандозӣ шудааст. Дар умум 16 753 адад стансияҳои базавӣ фаъолият карда истода, насби стансияҳои базавӣ ва кашидани хатти нахи нурӣ идома дорад.
Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро вусъат дода истодааст.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо операторони мазкур арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд. Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад. Дар натиҷа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад.
Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ ба ҳисоби миёна то 55 фоиз поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с бекор гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан суръати интернети ноқилӣ аз 0,5 Мбит/с шуруъ мешуд. Раванди мазкур идома ёфта, то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ба нақша гирифта шуда, дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Дар умум баҳри баланд бардоштани суръати интернет ва дастрасӣ ба алоқаи барқӣ, аз ҷониби оператори миллӣ коммутаторҳои бисёрпорта ва таҷҳизотҳои барқдиҳанда (ИБП), инвертор барои бо барқи доимӣ таъмин намудани таҷҳизот дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда, ба истифода дода шуданд. Шумораи телефонҳои барқароршуда дар семоҳаи якуми соли 2025 ба 140 адад расонида шуда, ба ҳисоби миёна телефонҳои фаъол 38 020 рақамро ташкил дод. Шумораи умумии муштариён 275 543 рақамро ташкил медиҳад. Дар шабакаи нақлиётии алоқаи нахи нурӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 зиёда аз 19,4 километр кабел иваз карда ва 79 адад бастаки нахи нурӣ васл карда шудааст.
Шумораи истифодабарандагони интернет 3 289 адад зиёд гардида, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 ба 34 051 (30 762 дар ҳамин давраи соли 2024) муштарӣ баробар шудааст.
Дар самти ҷорӣ кардани насли нави 5G Хадамот чӣ чораҳои амалӣ меандешад?
– Ин масъала дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ҳам зикр гардид. Яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба густариш додани насли нав – 5G равона мегардад. То ҳол 5G асосан дар шаҳри Душанбе қисман дастраси сокинон мебошад. Дар воқеъ, раванди модернизатсияи истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ дар саросари кишвар ҷараён дорад, заминаро барои густариши таъмини аҳолӣ бо 5G муҳайё сохтааст. Бо омўзиши ҳаматарафаи масъала, нақшаи мушаххаси густариши 5G-ро роҳандозӣ ва амалӣ мекунем. Бовар дошта бошед, ки рўзе тамоми сокинони кишвар истифодабарандаи 5G хоҳанд буд. Талоши мо ин аст, ки он замон ҳарчи зудтар фаро бирасад.
Дар доираи эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” Хадамот чӣ корҳоеро анҷом хоҳад дод?
– Ин ташаббус, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, тақозои замон ва барои ояндаи давлату миллат хеле муҳим, ҳатто сарнавиштсоз аст. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки бе рушд додани иқтисоди рақамӣ ва баҳрабардории самаранок аз имконоти инноватсия ва технологияи муосир пешрафти давлат зери суол меравад. Ман мутмаинам, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ислоҳоти соҳаи алоқа вусъати тоза мегирад, зеро самти алоқа аз омилҳои муҳимтарин рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Хадамот нақша-чорабиниҳои мушаххасро тартиб дода истодааст.
Яъне, гуфтан мумкин аст, ки дурнамои соҳа то соли 2030 дар маҷмуъ ояндабинӣ шудааст ва дар ин замина нақшаҳои мушаххаси корӣ дар ҳар як самт таҳия ва амалӣ мешаванд?
Бале, Хадамоти алоқа тасмим гирифтааст, ки дар асоси “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Барномаи мазкур дурнамои тамоми самтҳои соҳаи алоқаи барқӣ, ба монанди танзими ҳуқуқии соҳа, муҳайё намудани шароити мусоиди рақобатпазир дар соҳаи алоқаи барқӣ, тақсимоти дурусти радиобасомадҳо ва назорату радиомониторинг, пайваст намудани тамоми идораҳои давлатӣ ва хизматрасон ба шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.
Албатта, дар доираи як суҳбат фаро гирифтани тамоми бахшҳо ва самтҳои соҳаи алоқа ғайриимкон аст. Вале мо ба саволҳои асосии хонанда ҷавоб гирифтем. Барои суҳбат ба Шумо изҳори ташаккур мекунем.
Саломат бошед! Бо истифода аз фурсат, дар баробари кормандони соҳаи алоқа ходимони радио ва телевизионро низ ба муносибати рўзи касбиамон, яъне Рўзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа муборак мегўем. Бовар дорем, ки ин ду ниҳод минбаъд низ дар якҷоягӣ амнияти иттилоотию телекоммуникатсионии мамлакатро таъмин хоҳанд кард.
Суҳбаторо К. Сафаров,
Бознашр аз ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём”
№17 (1293) 05.05.2025