Ба таваҷҷуҳи довталабони “Школа 21”
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамаи шаҳрвандоне, ки хоҳиши таҳсил дар мактаби ройгони технологияҳои рақамии “Школа 21”-ро доранд, мерасонад, ки қабул ба мактаб танҳо тавассути сабти номи онлайнӣ аз тариқи сомонаи расмии лоиҳа — www.21-school.tj амалӣ карда мешавад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бо ворид шудан ба сомонаи мазкур дар бораи тартиби бақайдгирӣ, марҳилаҳои интихоб, шартҳои қабул, муҳлати таҳсил ва дигар маълумоти зарурӣ шинос шаванд. Сомона бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол буда, барои истифодаи қулайи довталабон тамоми маълумоти заруриро пешниҳод мекунад.
“Школа 21” як мактаби муосири технологияҳои рақамӣ мебошад, ки омӯзиш дар он комилан ройгон сурат мегирад. Раванди таълим ба усулҳои амалии омӯзиш асос ёфта, ба омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ равона шудааст. Дар ин мактаб довталабон метавонанд аз рӯи барномаҳои муосир барномасозӣ, таҳияи маҳсулоти рақамӣ ва дигар самтҳои серталаби соҳаи IT-ро аз худ намоянд.
Муҳлати таҳсил вобаста ба барномаи интихобшуда ва суръати азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯ метавонад аз 6 моҳ то 2 сол идома ёбад.
Хотиррасон менамоем, ки ба таҳсил танҳо шахсоне қабул карда мешаванд, ки синнашон ба 18 расида бошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандонро даъват менамоем, ки барои иштирок дар интихоби довталабон танҳо тавассути сомонаи расмии www.21-school.tj сабти ном намуда, аз маълумоти расмӣ истифода баранд.
