Табрикоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 7-уми май ҳамчун Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад.
Бо эҳтирому самимият Шумо кормандони соҳаи алоқа ва иттилоотро ба муносибати ин ҷашни касбӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва дар корҳои шахсӣ ва касбиат муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорам.
Мутмаинан, ихтирои радио ба рушди бесобиқаи тамоми самтҳои алоқа асос гузошт. Имрӯз нақши алоқа бо маҷмуи самтҳои хеш ба муҳимтарин ҷузъи ҳаёти башарӣ табдил ёфта, дунёи муосирро бе воситаҳои алоқа ва иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин василаҳои иртибототи оммавӣ на фақат фосилаҳоро наздик месозад, балки дилҳоро муттаҳид карда, ҳамбастагиро ба вуҷуд меорад.
Бояд гуфт, ки дар асри 21 татбиқ ва баҳрабардории васеъ аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ авлавияти хос пайдо намуда, бо муҳим гардидани нақши навовариҳои муосир дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти башарӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва авҷи муборизаҳои иттилоотию ҳамлаҳои кибернетикӣ, рушди инфросохтори алоқаву ВАО ва самаранок истифода намудани онҳо, аз аҳамияти стратегӣ бархурдор гардид.
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари маҳбуби мо дар қатори соҳаҳои дигар, соҳаи алоқа низ ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Бо таҳаввулоти рӯзафзуни илму техника ва навовариҳои муосир, соҳаи алоқа низ пайваста дар ҳоли дигаргуниҳои зерсохторӣ қарор дорад. Бо назардошти ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ислоҳоти соҳаи мазкур дар кишвари маҳбубамон бо маром идома дорад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастурҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагашта, вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, оид ба аҳамият ва зарурияти раванди рақамикунонӣ ва роҳандозии шабакаҳои насли 5G ва иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” масъулини соҳаи алоқа, силсилаи чорабиниҳоро барои то соли 2030 ба нақша гирифта, раванди иҷрои онҳо масъулона пайгир шуда истодааст.
Ҳамчунин барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба талаботи муосир ва ниёзҳои ҷомеаву давлат, як зумра иқдомҳои муҳим, мисли таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ, васеъ намудани фарогирии пӯшиши радиои алоқа, муассир намудани механизми баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, амалӣ гардиданд.
Бовар дорем, ки кормандони тамоми соҳаҳои алоқа аз дастоварҳои ноилшуда қонеъ нагардида, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба пешаву масъулияти худ дар оянда ҳам пайваставу ҳадафмандона талош менамоянд.
Бори дигар, шумо кормандони муҳтарами соҳаҳои иттилоот ва алоқаро ба муносибати иди касбиамон табрику муборакбод намуда, ба шумо тансиҳатию муваффақиятҳои беназир дар кору фаъолиятатон орзу мекунам.
Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа муборак!
Исфандиёри Саъдулло,
Сардори Хадамоти алоқаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон