17–21 августи соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИТА) оид ба танзими истифодаи спектри радиобасомадҳо ва мадорҳои моҳвораӣ ва 59-уми Комиссияи ИТА оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Дар кори ҷаласаҳои мазкур намояндагони КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи алоқа, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти гурӯҳҳои кории ИТА ва омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, аз ҷумла, масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи самараноки спектри радиобасомадҳо, рушди системаҳои заминӣ ва моҳвораии алоқа, истифодаи муштараки радиобасомадҳо аз ҷониби хизматрасониҳои гуногун ва ҳифзи системаҳои амалкунанда муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба омодасозии пешниҳодҳо ва мавқеъҳои муштараки кишварҳои узви ИТА барои иштирок дар Ассамблеяи радиобасомадҳо ва Конфронси умумиҷаҳонии радиобасомадҳо дар соли 2027 баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи иштироки фаъол дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи фахрии ИТА барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи алоқа сарфароз гардонида шуданд.

Дар доираи чорабиниҳо инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии таъйиноти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии спектри радиобасомадҳо ва таъмини истифодаи самараноки он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуда, ба мувофиқа расиданд, ки корҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи мазкур идома дода шаванд.

Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа, рушди механизмҳои самараноки идоракунии спектри радиобасомадҳо ва ҳифзи манфиатҳои кишвар дар самти истифодаи захираҳои радиобасомадӣ мусоидат менамояд.