Баргузории ҷаласа  оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027

Навид Хабарҳои расмӣ Хабарҳои Хадамот

Баргузории ҷаласа  оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027

8 июн дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамоти алоқа Шоҳназар Холназарзода ва бо иштироки аъзои ситод ва намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар доир шуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба мавсими сармо ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид карда шуд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд аз ҳоло ба ташкили захираҳои зарурии сӯзишворӣ шурӯъ намоянд, то дар фасли зимистон хизматрасонии босифати алоқа ба муштариён таъмин гардад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Барқи тоҷик» истгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилиро дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо хатҳои боэътимоди барқ таъмин менамояд. Дар ин самт байни Хадамоти алоқа ва ҶСК «Барқи тоҷик» ҳамоҳангии зарурӣ ба даст омадааст.

Иштирокдорони ҷаласа зарурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамкории зичро барои таъмини фаъолияти бефосилаи шабакаҳои алоқа дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 муҳим арзёбӣ намуданд.