Баргузории брифинг вобаста ба вазъи соҳаи алоқа ва рушди минбаъдаи он
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунӣ ва нақшаҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи соҳаи алоқа брифинг баргузор гардид. Дар брифинг намояндагони ВАО, масъулини соҳаи алоқа ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқа ба ҳозирин доир ба дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъа баҳри таъмини рушди соҳа иттилоъ дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар идома иброз гардид, ки Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба Интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро тақвият додааст.
Дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо ва гуфтушунидҳои судманд бо опреаторони мазкур арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд.
Ин боис гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад.
Дар натиҷа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20% зиёд пешниҳод карда мешавад.
Арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55% коҳиш дода шуда, тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор мегарданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан суръати интернети ноқилӣ аз 0,5 Мбит/с шурӯъ мешуд. Раванди мазкур то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ба нақша гирифта шуда, то се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида мешавад.
Барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилии ҷавобгӯи талаботҳои муосир ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар ҷумҳурӣ сол аз сол шумораи аҳолӣ ва истифодабарандагони интернет зиёд гардида, зиёда за 95 фоизи аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода мекунанд. Мебоист операторони мобилӣ сари вақт ҳудуди фарогирӣ ва майдонҳои насби истгоҳои базавӣ ва иқтидорҳои техникии худро зиёд мекарданд, ки ин ба таври қонеъкунанда анҷом дода нашуд. Ин ҳолат ба паст гардидани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боис гардид. Дар робита ба ин, Хадамот нақшаи мушаххасро бо операторони мобилӣ таҳия карда, марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояи иловагӣ ва беҳатар намудани инфрасохторӣ зарурӣ, масъалаи сатҳу сифати хизматрасонии интернетро дар ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намояд.Пайвастшавии бефосила ба интернет тавассути афзоиш додани нуқтаҳои истифодабарии Wi-Fi дар мақомоти хизматрасон ва маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурушгоҳҳои бузург, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурӯдгоҳҳо ва монанди инҳо, амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешниҳод намудани хизматрасонии алоқаи барқӣ ва нигоҳдории минбаъдаи ин раванд дар Хадамоти алоқа аз оғози соли 2025 Маркази тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивӣ ба фаъолият оғоз намуда, аллакай бо назардошти коркарди ҳаррӯзаи муроҷиатҳо мушкилоту монеаҳои ҷойдошта бартараф гардида истодаанд.
Идомаи татбиқи ҳадафу нақшаҳои ишорашуда ва мавҷуда муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва технологии шабакаҳои алоқаи мобилию ноқилиро талаб менамояд ва дар ин самт аз ҷониби Хадамоти алоқа лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ тарҳрезӣ шуда истодаанд. Ба қатори чунин лоиҳаҳо – лоиҳаи таҷдиди шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат, ҳамчун асоси беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии интернет шомил мебошад.
Вобаста ба ин, дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯйи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети ноқили ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина аз ҷониби Хадамоти алоқа шароити мусоиди рушди соҳа фароҳам гардида, такмилу таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд бештар ба операторони алоқаи мобилӣ алоқамандӣ дорад.
Бо мақсади тақвияти рушди бомаром ва устувори соҳа, аз ҷониби мутахассисон ва масъулини Хадамот лоињаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Муосиргардонии фаъолияти «Почтаи тоҷик» афзалияти дигари фаъолияти соҳавӣ эътироф гардида, бо ин васила барои рақамикунонии соҳаи муросилоти почта, инчунин истифодаи он барои вусъати фаъолияти маркетплейсҳо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, масъалаи ҷалби ширкатҳои DHL, FedEx, UPS, TNT Express ва дигарон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баррасиву муҳокима бо назардошти манфиатҳои миллӣ қарор дорад.
Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон роҳандозӣ мегардад. Илова бар ин, дар сурати сифр будани маблағи тавозун ва ба охир расидани ҳаҷми интернет иҷрои амалиётҳои электронӣ ва ғайринақдӣ имконпазир мешавад.









