Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон ва тавсеаи донишу фаҳмиши онҳо оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мушовири вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалонзода Қурбон Хол дар мавзӯи «Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар» маърӯза намуд.
Зимни хониш таъкид гардид, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ муайян гардидааст. Ҳадафи мазкур ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат равона шудааст.
Зикр шуд, ки тибқи ҳадафҳои гузошташуда, то соли 2030 саҳми саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба беш аз 22 фоиз расонида шавад.
Ҳамзамон, дар рафти хониш нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди интернет дар пешбурди равандҳои саноатикунонии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, автоматикунонии хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани ҳалли муосири технологӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда муколамаи озод баргузор гардида, ба саволҳои кормандон посухҳои мушаххас пешниҳод шуданд.