Дар доираи татбиқи сиёсати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, муносибатҳои мутақобилан судманд миёни маъмуриятҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваста рушд  меёбанд. Ҳамкориҳои амалӣ дар самти истифодаи самараноки спектри басомадҳои радио ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ густариш меёбанд.

Дар ин замина, миёни маъмуриятҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳилаи муҳими амалии таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ оғоз гардид.

Аз 27 то 30 июли соли 2026 дар ҳудуди вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки мутахассисони ҳар ду кишвар корҳои муштараки ченкунии шиддатнокии майдони электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ гузаронида шуданд.

Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи алоқа кам намудани паҳншавии сигналҳои номатлуби радиоӣ ва пешгирии таъсири мутақобилаи онҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Бо ин мақсад ҷонибҳо чорабиниҳои зерини муҳандисию техникӣ ва ташкилии муштаракро амалӣ намуданд:

Радиомониторинг ва мубодилаи иттилоот – гузаронидани ченкуниҳои муштараки сатҳи шиддатнокии майдони электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии амалкунанда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва мубодилаи натиҷаҳои бадастомада байни ҷонибҳо.

Беҳсозии шабакаҳои алоқа – дар асоси натиҷаҳои таҳлил кам намудани паҳншавии сигналҳои радиоӣ ба ҳудуди давлати ҳамсоя, ҳамзамон нигоҳ доштани сифати баланди хизматрасонии алоқа дар маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ.

Дар доираи чорабиниҳои муштарак ченкуниҳои техникӣ дар 21 пойгоҳи базавии операторони алоқаи мобилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуда, инчунин санҷишҳои саҳроӣ (test drive) дар масири қариб 500 километр анҷом дода шуданд.

Натиҷаҳои таҳлил нишон доданд, ки ба фаъолияти 16 пойгоҳи базавии операторони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби шабакаи телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канали телевизионии 52 (ТВК-52) таъсири халалрасонӣ мерасад. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот шабакаи телевизионии мазкур ба канали дигар интиқол дода шуд, ки дар натиҷа фаъолияти ҳамаи 16 пойгоҳи базавӣ ба эътидол оварда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои муштарак ченкуниҳои техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии минтақаҳои наздисарҳадӣ низ гузаронида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои ченкуниҳо муайян гардид, ки фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба талаботи техникии амалкунанда мутобиқ буда, ҳолатҳои халалрасонии зараровар байни шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта нашуданд.

Гузаронидани чунин чорабиниҳои муштарак имкон медиҳад, ки вазъи воқеии электромагнитӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, истифодаи самаранок ва муназзами спектри басомадҳои радио таъмин карда шавад. Муҳимтар аз ҳама, ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, телевизионӣ ва радиоӣ барои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.

Ҳамкориҳои зичи маъмуриятҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт боз як намунаи равшани муносибатҳои дӯстона ва шарикии созандаи ду кишвари ҳамсоя буда, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи алоқа ва истифодаи самараноки захираҳои басомадӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.