Имрӯз дар саҳни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон машқи пагоҳирӯзӣ баргузор шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва ҷалби кормандон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ доир гардида, дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони сохторҳои гуногуни Хадамот фаъолона иштирок намуданд.

Зимни машқи пагоҳирӯзӣ иштирокчиён маҷмӯи машқҳои ҷисмониро иҷро намуда, аҳамияти варзишро ҳамчун омили муҳими нигоҳдории саломатӣ ва баланд бардоштани қобилияти корӣ таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди фарҳанги варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кормандон мусоидат менамояд.