17 июни соли 2026 дар бинои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Нақши “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” дар худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа» баргузор гардид.

Дар семинар кормандони воҳидҳои сохтории ҶСК “Тоҷиктелеком”  иштирок намуда, профессорони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба аҳаммияти осори гаронбаҳои миллӣ дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа маърӯза намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки омӯзиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллат дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Семинари мазкур дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти алоқа ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Ҷамъият баргузор шуда, ба баланд намудани худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии тоҷи