Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода барномаи мобилии «SOS» таҳия шудааст. Барнома аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омода гардидааст.
«SOS» ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро оид ба қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи дурусти рафтор ҳангоми ҳолатҳои гуногуни фавқулода зуд дастрас намоянд. Дар он маводи омӯзишӣ, тавсияҳои мутахассисон ва дастурҳои амалӣ оид ба рафтор ҳангоми заминларза, сел, обхезӣ, ярч, тарма, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ҷой дода шудаанд.
Яке аз имкониятҳои муҳими барнома пешниҳоди огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии обу ҳаво мебошад. Ин имконият метавонад ба шаҳрвандон барои сари вақт огоҳ шудан аз хатар ва андешидани тадбирҳои зарурӣ мусоидат кунад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ба як қатор офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, сел, ярч ва тарма осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, донистани қоидаҳои бехатарӣ ва омодагӣ ба чунин ҳолатҳо аҳамияти махсус дорад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода бояд пеш аз рух додани онҳо оғоз шавад. Дар ин замина, барномаи «SOS» метавонад ҳамчун манбаи дастрас барои омӯзиши қоидаҳои бехатарӣ ва гирифтани маълумоти зарурӣ ба шаҳрвандон хизмат намояд.