Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар самти алоқа ва рақамикунонӣ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург мулоқоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазири алоқа ва иттилоотикунонии Ҷумҳурии Беларус Кирилл Залесский баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои алоқа ва табдили рақамӣ баррасӣ намуда, доир ба рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ, хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва давлатии рақамӣ, инчунин омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ табодули андеша намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои муқовимат ба қаллобиҳои телекоммуникатсионӣ (антифрод), таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи инфрасохтори муҳими рақамӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ташкили барномаҳои муштараки омӯзишӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисонро баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи музокирот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо ҷалби ниҳодҳо ва ташкилотҳои салоҳиятдори ду кишвар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва рушди рақамиро ба таври мушаххас мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор диҳанд.