Баррасии баланд бардоштани сатҳу сифати ироаи интернет дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе дар Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Баррасии баланд бардоштани сатҳу сифати ироаи интернет дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе дар Хадамоти алоқа

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо  намояндагони меҳмонхонаҳо, ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон оид ба баланд бардоштани сатҳи иораи интернет ба меҳмонон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Аҳлиддин Муртазозода, муовини Сардори Хадамоти алоқа  сардорони раёсатҳо, бахшҳо, зерсохторҳои Хадамоти алоқа ва Шералиев Хуршед, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, намояндагони  ширкатҳои мобилӣ ва интернет провайдерон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа таъмин намудани пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет тариқи вай-фай ва таъмини суръати зарурии интернет барои сайёҳон дар меҳмонхонаҳои кишвар, таҷдиду навсозии таҷҳизотҳои техникии меҳмонхонаҳо барои таъмини интернети баландсуръат ва  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони хориҷие, ки дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ширкат мекунанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муртазозода Аҳлидин, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарҳи Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуд, ки оид ба таъмини интернети баландсуръат аз тарафи Хадамоти алоқа ягон мушкил мавҷуд набуда, таҷҳизот ва каналҳои интернетии мавҷудбуда ба тамоми талаботҳои ҷаҳонӣ мувофиқ буда ва суръати заруриро таъмин карда метавонад.

Боиси зикр аст, ки зимни санҷишҳои аз тарафи гурӯҳи кории аз ҳисоби мутахассисони соҳавии Хадамоти алоқа ташкилшуда муайян карда шуд, ки дар ҳамаи меҳмонхонаҳои шаҳр суръати интернет ба талабот ҷавобгӯ набуда, суръати он хеле паст мебошад, ки боиси нигаронии меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон шудааст. Хусусан дар меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет фарсуда, корношоям ва ё куҳна шудааст, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, иқтидори таъмин намудани интернети баландсуръатро надоранд.

Бинобар ин, аз ҳамаи намояндагони меҳмонхонаҳо талаб карда шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат тамоми таҷҳизоти техникии интернет таъминкунанда навсозӣ ва талаботи замон ҷавобгӯ карда шаванд. Бо мақсади дақиқ сохтани сатҳи таҷдиду навсозии таҷҳизотҳои техникии меҳмонхонаҳо аз тарафи Хадамоти алоқа гуруҳи корӣ доир ба санҷиш ташкил карда шуда, дубора санҷиши таҷҳизоти тамоми меҳмонхонаҳо гузаронида мешавад.

Дар идома ба ҳамаи намояндагони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе тавсия дода шуд, ки барои таъмин намудани интернети баландсуръат бояд на кам аз 100 мбит/с суръати интернет барои меҳмонони хориҷии меҳмонхонаҳо таъмин карда шавад.

Аҳлиддин Муртазозода, муовини Сардори Хадамоти алоқа таъкид кард, ки зимни баргузории тамоми чорабиниҳои сатҳи баланд  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таъминоти интернет набояд ҳеҷ гуна таъхиру камкорӣ сурат гирад, зеро ин чорабиниҳо мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ нишон медиҳад. Муовини Сардори Хадамоти алоқа супориши Сардори Хадамоти алоқа муҳтарам Бег Сабурро ироа намуда, таъкид кард, ки дар рӯзҳои доир гардидани ин гуна чорабиниҳои давлатӣ ба тамоми меҳмонхонаҳо интернети ройгони баландсуръат пешниҳод карда мешавад, дар сурате, ки таҷҳизотҳои техникии онҳо ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ бошанд.