Имрӯз таҳти роҳбарии Парвиз Нориён, Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рамазон Одиназода, Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмили иқтидори кадрии соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил барои ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин ташаббусҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат амалӣ мегардад.
Ҷонибҳо масъалаи фиристодани ҷавонони лаёқатманд барои таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳоро аз рӯи ихтисосҳои соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтидори кадрии соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ҳавасманд мебошад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида мешавад. Ин санад барои густариши ҳамкориҳо, таҳияи барномаҳои муштарак ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари таҳсилу такмили ихтисоси ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълимии бонуфузи хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.


