Баррасии омодагиҳо ба фасли зимистон дар Хадамоти алоқа
Санаи 26 ноябри соли равон дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони операторҳои алоқаи мобилӣ, КВД “Шаҳри ҳӯшманд” ва Вазорати корҳои дохилӣ бо Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа сурат гирифт.
Ин вохӯрӣ бо ибтикори Хадамоти алоқа баргузор шуда, дар он омодагиҳои ширкатҳои мобилӣ ба зимистонгузаронӣ, вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ва афзоиши муроҷиату шикоятҳои муштариёни алоқаи мобилӣ бо наздик шудани фасли сармо ва масоили дигари марбут ба соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо ишора афзоиши муроҷиатҳои сокинон аз паст будани сифати алоқа дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва натиҷаҳои мониторингҳои сифати алоқа дар минтақаҳо, ки бевосита аз тарафи Хадамот сурат гирифтааст, таъмин нашудани сифати қонеъкунандаи алоқа ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ дар мавридҳои зиёд шадидан изҳори нигаронӣ намуд. “Ҳарчанд давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома ёфт, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд. Ҳатто санҷишҳои сифати алоқа аз тарафи Хадамот дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки сифати алоқа дар бисёре аз маҳалҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин ҳолат моро маҷбур месозад, дар баробари афзоиши таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа, назоратро аз фаъолияти операторони алоқаи мобилӣ зиёд карда, барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо бештар намоем”- иброз дошт Бег Сабур.

Ҳамчунин дар ҷаласа аз намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар мувофиқа бо вазири корҳои дохилӣ, ҷиҳати назорат аз вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан фаъолияти бетаъхири истгоҳҳои базавӣ ва масъулиятпазирии масъулини ширкатҳо дар маҳалҳо, ҳамкориҳоро бо Хадамоти алоқа бештар намоянд.
Дар охир бори дигар ба операторҳои алоқаи ҷиддан огоҳӣ дода шуд, ки новобаста аз монеаҳои фасли зимистон ва камбуди қувваи барқ дар маҳалҳои фаъолияти доимии истгоҳҳои базавиро таъмин сохта, корҳои амалиро бо мақсади фарогирии васеи радиоӣ ва баланд бурдани сифати алоқа бетаъхир идома диҳанд.
