18 июли соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии директори Агентӣ Хуршед Мирзо бо намояндагони IT-диаспораи тоҷикони муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.
Дар оғози ҳамоиш муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён доир ба дастовардҳо, вазъи имрӯза ва дурнамои рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамии кишвар рӯнамо пешниҳод кард. Ҳамзамон, ба иштирокчиён имкониятҳои мавҷуда барои сармоягузорӣ ва иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии рақамӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои истифодаи иқтидори зеҳнӣ ва таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар хориҷи кишвар барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва тақвияти инфрасохтори рақамии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин оид ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои нав табодули назар анҷом доданд.
Бахши дигари чорабинӣ дар шакли суҳбати озод баргузор гардид, ки дар он намояндагони IT-диаспора пешниҳодҳои худро вобаста ба рушди сармояи инсонӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии барномаҳои табодули таҷриба, дастгирии стартапҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои инноватсионӣ баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳои касбӣ, идомаи муколамаи доимӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди экосистемаи рақамӣ ва таҳкими иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.