Баррасии шикоятҳои истифодабарандагон оид ба сифати пасти хизматрасониҳои ширкати “Мегафон Тоҷикистон” (ҶСП «ТТ мобайл»), махсусан дар шаҳраки Заҳматободи ҷамоати деҳоти «Ангурбоғ»-и ноҳияи Восеъ

Навид Хабарҳои Хадамот

Баррасии шикоятҳои истифодабарандагон оид ба сифати пасти хизматрасониҳои ширкати “Мегафон Тоҷикистон” (ҶСП «ТТ мобайл»), махсусан дар шаҳраки Заҳматободи ҷамоати деҳоти «Ангурбоғ»-и ноҳияи Восеъ

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти зиёдшавии шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи паст будани суръат ва қатъшавии хизматрасониҳои операторҳои мобилӣ як қатор санҷишҳо ва чораҳои аввалияро анҷом дод.

Дар натиҷаи санҷишҳои техникии гурӯҳи кории Хадамот дар нуқтаҳои хизматрасонии “Мегафон Тоҷикистон” (ҶСП «ТТ мобайл»), махсусан дар шаҳракаи Заҳматободи ҷамоати деҳоти «Ангурбоғ»-и ноҳияи Восеъ, ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои хизматрасонӣ ва фаъолияти ғайриқаноатбахш ошкор гардид. Пас аз дахолати Хадамот, алоқаи мобилӣ дар ин минтақа барқарор карда шуд. Нисбат ба ширкат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.

Корҳои назоратӣ ва санҷишҳои техникии Хадамот идома доранд. Нисбат ба дигар ширкатҳо ва шахсони воқеие, ки талаботи хизматрасониро риоя намекунанд, низ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Хадамоти алоқа таъкид менамояд, ки ин тадбирҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, боло бурдани эътимоди шаҳрвандон ва рушди устувори шабакаҳои мобилӣ равона шудаанд. Ҳадафи асосӣ — таъмини алоқаи босифат барои тамоми истифодабарандагон мебошад. Дар бораи натиҷаҳои минбаъда ва корҳои ислоҳӣ Хадамот ба таври мунтазам иттилооти расмӣ нашр хоҳад кард.