Баррасии тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар соҳаи алоқа
Имрӯз Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши телекоммуникатсия ва алоқа мавриди баррасӣ қарор гирифта, тарафҳо тақвияти робитаҳо дар ин заминаҳоро мутақобилан судманд арзёбӣ карданд. Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, бо мақсади рушди инфрасохтори алоқа дар Тоҷикистон, бахусус эҷоди нуқтаҳои мубодилаи интернет (IXP) дар минтақаҳо, мусоидат намояд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар заминаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои телекоммуникатсионии бонуфузи амрикоӣ, аз ҷумла Meta, YouTube ва Google ва провайдерҳои амрикоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар самти истифодабарии моҳвораҳои хурд, аз ҷумла таҷҳизоти Starlink низ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

