16 июли соли 2026 дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2026) мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) Томас Ламанаускас баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқаро дар самтҳои рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инноватсия ва тақвияти иқтидори кадрӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, доир ба тавсеаи ҳамкории амалӣ, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули ҳайатҳои корӣ, рушди ҳамкории коршиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ, ки таҳти эгидои ITU баргузор мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди пайвастаи рақамӣ, мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам, инчунин истифодаи имкониятҳои технологияҳои навин ҳамчун омили муҳими мусоидаткунанда ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Инчунин дар доираи мулоқот масъалаи баргузории Форуми минтақавӣ оид рушд, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ иброз намуданд.