БАСТАҲОИ СОЛОНАИ TCELL: АЛОҚА, ИНТЕРНЕТ ВА МУФИД БАРОИ ТАМОМИ СОЛ!
Ширкати Тcell хурсанд кардани муштариёни худро бо пешниҳодҳои арзишманд ва имконияти сарфанамоӣ идома медиҳад. Бо наздик шудани соли нав, оператори телекоммуникатсионӣ пешниҳоди беназирро ироа мекунад – бастаҳои солона, ки алоқа ва Интернетро барои соли 2025 таъмин хоҳанд кард!
Бастаҳои солона чӣ аст?
Ин як роҳҳали осон ва сарфакоронаи дар алоқа боқӣ мондан бидуни ҳеч мушкил дар бораи пардохтҳои мунтазам ва пур кардани тавозун мебошад. Бо пайваст кардани бастаи солона, Шумо дар кӯтоҳтарин фурсат соҳиби интернет, дақиқаҳо дар ҶТ ва SMS, ки барои ҳар моҳ ҷудо шудаанд, мегардед.
Бастаҳои солона чӣ имтиёзҳоро пешниҳод мекунанд?
Интиқоли бақияҳо: Давоми моҳ тамоми дақиқаҳо ё мегабайтҳои худро истифода набурдед? Онҳо ба таври худкор (автоматӣ) ба давраи оянда интиқол дода мешаванд, ки ин истифодаи бастаҳоро боз ҳам роҳаттар мекунад.
Зангҳои ройгон дар дохили шабака: Бо наздиконатон бидуни маҳдудият дар шабакаи Tcell ва бе хароҷоти иловагӣ муошират намоед.
Содда ва роҳат: Як маротиба, ки пайваст шудед, Шумо тамоми сол худро бо муошират таъмин менамоед ва аз ташвишҳои ҳармоҳа озод мешавед.
Чӣ тавр пайваст бояд шуд?
Пайваст кардани бастаи солона- содда ва оддӣ аст. Фармонҳо:
Бастаи 300 — *444*300#
Бастаи 400 — *444*400#
Бастаи 600 — *444*600#
Бастаи 900 — *444*900#
Баста 1500 – *444*1500#
Бастаҳои солона барои муштариёне, ки бароҳатиро қадр мекунанд, роҳҳалли беҳтарин мебошанд. Агар шумо корбари фаъоли интернет, ё соҳибкоре ҳастед, ки зиёд занг мезанед ва ё оилаи бузург, бастаи солонаи Tcell ҳама ниёзҳои Шуморо барои муошират қонеъ мекунад.