Бо навовариҳо ба сӯйи оянда — «Вавилон-Мобайл» дар ICT Week – 2025!

Навид

Бо навовариҳо ба сӯйи оянда — «Вавилон-Мобайл» дар ICT Week – 2025!

7 апрел дар шаҳри Душанбе форуми ICT Week -2025 бахшида ба ифтитоҳи нахустин IT Park-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин маркази нав ҳамчун платформаи муҳим барои рушди иқтисоди рақамӣ ва дастгирии ширкатҳои инноватсионӣ таъсис ёфта, имкониятҳои навро барои соҳибкорони соҳаи IT фароҳам меорад.

«Вавилон-Мобайл» бо ифтихор дар ин форум иштирок намуд, роҳкорҳо ва таҷрибаҳои муосири худро дар самти рақамисозии хизматрасониҳо муаррифӣ кард ва бо дигар ширкатҳои пешқадам мубодилаи афкор анҷом дод.

Дар ҷараёни форум, ширкати мо дар номинатсияи «Инноватсия дар банкинги рақамӣ» бо диплом қадрдонӣ гардид.

Мо миннатдории самимии худро ба ташкилкунандагон ва ҳамаи иштирокчиёни форум— барои фароҳам овардани муҳити эҷодӣ, имкони муаррифии таҷриба ва ҳамзамон тавлиди ғояҳо ва бунёди ҳамкориҳои судманд дар фазои касбӣ ва илҳомбахш изҳори сипос баён мекунем.