Дар асоси дастури Раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2026, вобаста ба ҷалби кормандон ба сайёҳии дохилӣ, рӯзҳои 8–9 августи соли ҷорӣ кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор мавзеъҳои сайёҳии кишвар сафари сайёҳию корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафар ҳайати кормандон аз минтақаҳои сайёҳии Саразм, Артуч, Искандаркӯл, кӯли Аловуддин ва дараи Сиёма дидан намуда, ҳамзамон вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқиро дар ин мавзеъҳо мавриди санҷиш ва арзёбӣ қарор доданд.
Зимни боздид дар минтақаҳои мазкур ченкунии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла дастрасӣ ва устувории алоқа ва хизматрасониҳои мобилӣ, анҷом дода шуд. Натиҷаҳои ченкуниҳо барои муайян намудани ҳолати воқеии хизматрасонӣ ва ошкор кардани мушкилоти эҳтимолӣ истифода гардида, вобаста ба натиҷаҳои бадастомада ба ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дастурҳои дахлдор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки боздиди меҳмонони дохиливу хориҷӣ минтақаҳои сайёҳӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Дастрасии устувор ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар чунин мавзеъҳо на танҳо барои сайёҳон, балки барои фаъолияти муассисаҳои хизматрасонӣ, соҳибкорон ва таъмини алоқаи фаврӣ низ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳадафи асосии чунин санҷишҳо арзёбии сифати воқеии хизматрасониҳои алоқа дар маҳалҳо, муайян намудани нуқтаҳои мушкил ва андешидани чораҳо барои беҳтар намудани фарогирӣ ва устувории шабакаҳо мебошад.
Силсилаи чунин боздидҳои сайёҳию корӣ ба дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар низ идома хоҳад ёфт. Кормандони Хадамоти алоқа дар баробари шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии минтақаҳо, вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқиро низ аз наздик омӯхта, дар асоси натиҷаҳои ченкуниҳо барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо тадбирҳои дахлдорро пешниҳод хоҳанд кард.