Имрӯз Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло бо мақсади анҷом додани боздиди назоратӣ-машваратӣ ва баррасии фаъолияти ширкати «Tcell» аз ин ширкат дидан намуд.

Дар доираи ин боздид, Сардори Хадамот бо шароити кори кормандони ширкат шинос шуда, утоқҳои корӣ ва техникии муассисаро аз назар гузаронд. Ӯ ба раванди фаъолияти воҳидҳои гуногуни ширкат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо низом ва усулҳои кори ҳайати кормандони «Tcell» шинос гардид.

Дар идомаи боздид, вохӯрии корӣ бо роҳбарияти ширкат баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузории соҳаи алоқа, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба муштариён ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва таҳкими ҳамкории самарабахш миёни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ аҳамияти муҳим дорад