БОЗНИГАРӢ ВА БЕҲСОЗИИ ШАБАКА: TCELL МАНОБЕЪИ ИНТИҚОЛ(ТРАНСМИССИЯ)-РО ДАР АЙНӢ ВА ПАНҶАКЕНТ ГУСТАРИШ ДОД
Tcell барои беҳтар кардани сифати алоқа ва интернет дар минтақаҳои Тоҷикистон фаъолияти босуръатро идома медиҳад. Дар ин ҳафта корҳо оид ба оптимизатсия ва васеъ намудани захоири интиқол дар минтақаҳои Айнӣ ва Панҷакент бомуваффақият анҷом ёфт.
Ин тағйирот тавоноии шабакаро ба гунаи назаррас афзоиш дода, ин шароитҳоро таъмин менамояд:
• Пайвасти устувор ҳатто аснои сарборӣ дар шабака;
• Афзоиши суръати интернети мобилӣ;
• Пойдорӣ (устуворӣ)-и шабака ҳангоми сарбории беруна ва мушкилоти муваққатӣ;
• Корҳо барои оптимизатсия ва васеъ намудани манобеъи интиқол дар доираи стратегияи таҷдид(модернизатсия)-и шабакаи Tcell амалӣ карда мешаванд.
Мо талош менамоем, барои ҳар як муштарӣ новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавиаш алоқаи устувору боэътимод дастрас бошад.
Tcell ҳамеша ба пеш ҳаракат карда, рушди шабакаро идома медиҳад, одамонро ба ҳам мепайвандад ва ба муштариён кӯмак мекунад, ки доимо дар иртибот бошанд!