Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа фаъол метавон кард?

Навид

Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа фаъол метавон кард?

Тарофаи ”Биё! Бисоз Life 2.0” ба муштарӣ имкон медиҳад, ки мустақилона бастаи хизматрасониҳои худро “бисозад”.  Чӣ тавр ин корро аз дилхоҳ нуқтаи кишвар ба амал метавон баровард? Замимаи мобилии “МегаФон Life” – дар хизмати мизоҷони ширкати ”МегаФон Тоҷикистон”. Доир ба тарзи истифодабарии он барои идора кардани тарофа муфассалтар маълумот медиҳем.  

  1. Замимаи «МегаФон Life»-ро боргирӣ намуда, ба кор дароред.

Замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро аз App.Store ё life.tj боргирӣ намоед. Онро дар смартфони худ фаъол карда, бо истифода аз рақами телефон ва парол ё тариқи SMS-рамз вориди он шавед. Истифодабарандагоне, ки дар дастгоҳҳояшон замима аллакай фаъол аст, бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки замима то намунаи охирин нав карда шудааст. Огоҳиҳо оид ба навкунии замима дар аломати зангӯла, дар қисми рости болоии экран инъикос меёбанд. Намунаи охирини замимаро инчунин дар қисми “Боз ҳам”-и тарафи рости поёни экран пайдо метавон кард. Рақами намуна дар поёни экран нишон дода шудааст.

  1. Ба қисми “Тарофаи ман” гузаред

Дар феҳристи асосӣ банди «Тарофаи ман»-ро интихоб карда, сипас «Дастрас» ва «Сохтани тарофа»-ро пахш кунед. Дар ин ҷой ҳамаи вариантҳои дастраси таркиби бастаи хизматрасониҳои алоқа инъикос меёбанд.

  1. Бастаи мувофиқро «бисозед»

Вариантҳои пешниҳодгардидаро омӯзед ва миқдори зангҳо, SMS ва мегабайтҳоеро, ки маҳз барои Шумо лозим аст, интихоб намоед.

Ҳаҷми камтарини хизматрасониҳо дар тарофа аз 50 дақиқа барои зангҳо ба рақамҳои операторони дигари мобилии ҶТ, 15 ГБ интернет, интернети бемаҳдуди шабона аз 00:00 то 06:59, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака инчунин хизматрасонии Оила ТВ ва Онлайн-кинотеатр ИВИ иборат мебошад. Арзиши чунин баста ба 65 сомонӣ баробар аст.

Ҳаҷми аз ҳама зиёди хизматрасониҳо дар тарофа 500 дақиқа барои зангҳо ба операторони дигар, 300 SMS дар ҶТ, 150 ГБ интернет, интернети бемаҳдуди шабона, хизматрасонии Оила ТВ ва Онлайн-кинотеатрро дар бар мегирад. Арзиши баста 358,5 сомониро ташкил медиҳад.

  1. Бастаро пайваст кунед

Пас аз оне, ки таркиби баста пурра ба талаботи Шумо мутобиқ карда мешавад, тугмаи «Пайвасткунӣ»-ро пахш кунед. Тарофаи “Биё! Бисоз Life 2.0” дар намунаи барои Шумо зарурӣ фаъол карда мешавад. Барои қулайгардонии имкониятҳои муштариён инчунин функсияи азнавпайвасткунии тарофа дастрас мебошад.

  1. Огоҳиро оид ба фаъолшавӣ интизор шавед

Одатан тарофа дарҳол тағйир меёбад, лекин баъзан ин раванд якҷанд дақиқаро гирифта метавонад. Баъди фаъолкунии бомуваффақият Шумо SMS-и тасдиқиро қабул менамоед.

Муҳим!

Барои пайвасткунии бастаи интихобнамуда дар ҳудуди минтақаи фарогирии шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» қарор бояд дошт. Бақияи маблағи тавозуни худро барои пайвасткунии бомуваффақият назорат намоед. Якчанд вариантҳои нави тарофа танҳо барои муштариёни нав дастрасанд ва ҳангоми риоя шудани шартҳои оператор маълумот доир ба онҳо дар замима инъикос хоҳад ёфт.

Тарофаҳоро ба идораи хизматрасонӣ нарафта зуд, тавассути замимаи “МегаФон Life” пайваст намоед!