Дирӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сардорони шуъбаву филиалҳои Хадамот ва сохторҳои тобеи он иштирок намуданд. Масъулони филиалҳо ва сохторҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври маҷозӣ ба кори ҷаласа ҳамроҳ шуданд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳаи алоқа дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, тавсеаи шабакаҳои алоқа ва интернет, татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва иҷрои нишондиҳандаҳои асосии соҳа муҳокима гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳои тобеи Хадамот оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуда, дастоварду мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд.

Сардори Хадамоти алоқа масъалаи иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди инфрасохтори рақамӣ, тавсеаи хизматрасониҳои босифати алоқа ва интернет, инчунин татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фаъолияти

минбаъда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, масъулон ҷиҳати иҷрои босифати онҳо вазифадор карда шуданд.