Имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ аз оғози қабули нахустин довталабон ба «Школа 21» хабар дода шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сбер» амалӣ мегардад.
Тавре дар нишаст зикр гардид, ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло, новобаста аз сатҳи таҳсилот, таҷрибаи корӣ ва ё дониши барномасозӣ, метавонанд дар он иштирок намоянд. Омӯзиш дар «Школа 21» пурра ройгон буда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён таъкид намуд, ки имрӯз омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз афзалиятҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, «Школа 21» ба муассисаи муҳими миллӣ барои тайёр намудани мутахассисони рақамӣ табдил хоҳад ёфт.
Муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода гуфт, ки ҷавонон сармояи асосии кишвар дар давраи рушди зеҳни сунъӣ мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд дастрас бошад ва «Школа 21» барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам меорад.
Тибқи иттилои масъулон, қабули довталабон аз чанд марҳила иборат буда, баъди бақайдгирӣ ва санҷиши онлайн, иштирокчиён ба марҳилаи 14-рӯзаи «бассейн» роҳ меёбанд. Пас аз гузаштани интихоб, онҳо метавонанд дар яке аз зиёда аз 20 самти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла таҳияи нармафзор, амнияти киберӣ, таҳлили додаҳо ва дигар ихтисосҳои муосир таҳсил намоянд.
Зимни нишаст инчунин таъкид гардид, ки «Школа 21» усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол»-ро истифода мебарад ва хатмкунандагони он имкони дарёфти ҷойи корро дар ширкатҳои бузурги рақамӣ ва стартапҳо пайдо мекунанд.