Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамоиши гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар татбиқи самараноки Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026 таҳти №231 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Ҳамоишро Парвиз Нориён, муовини аввали Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парвати Рамасвами, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуданд.
Ҷаласаи мазкур дар идомаи ташаббусҳои шарикӣ бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, доираҳои илмӣ ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш механизмҳои пешрафтаи шарикиро дар татбиқи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо тавассути таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ мақсаднок арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки Шурои мазкур заминаи роҳнамоӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои саривақтии муқаррароти Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро фароҳам меорад. Фаъолияти Шуро тавассути се гурӯҳи кории соҳавӣ — инфрасохтор ва пайвастшавӣ, сармояи инсонӣ ва малакаҳои рақамӣ, инчунин идоракунӣ ва шарикӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳадафи ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ таҳияи лоиҳаи Низомномаи фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ ва гурӯҳҳои кории он, инчунин мувофиқа намудани иштироки фаъоли шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар сохтори ҳамоҳангсозӣ буд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои ҷаласа барои ташаккули низоми муассири ҳамоҳангсозии татбиқи ислоҳот ва лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди и