Дар “Dushanbe Invest–2025” 8 санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ба имзо расид
14 октябри соли 2025, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳашт санади муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба имзо расониданд.
Санадҳо ба самтҳои асосии рушди рақамикунонии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.
Аз ҷумла, Созишномаи литсензионӣ бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) барои оғози фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон имзо шуд, ки тибқи он кишвар соҳиби дастрасӣ ба шабакаи интернети глобалии моҳворавӣ мегардад.
Ҳамзамон, бо иштироки “Сбербанк России” ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси мактаби барномасозии «ШКОЛА 21» ба имзо расид.
Дар соҳаи алоқаи байналмилалӣ ҶСК «Тоҷиктелеком», Pakistan Telecommunication Company Limited (PTCL) ва Afghan Wireless Communication Company (AWCC) шартномаи тиҷоратӣ барои ворид намудани трафики интернет тавассути Покистонро ба имзо расониданд.
Дар доираи форуми мазкур, Ёддошти тафоҳум барои таъсиси консорсиуми миллии 5G байни Хадамоти алоқа ва ҳамаи операторони мобилӣ (“Индиго Тоҷикистон”, “ТТ Мобайл”, “Вавилон М”, “Таком” ва “Тоҷиктелеком”) ба имзо расид.
Ҳамчунин, бо ширкатҳои Eutelsat Group, Huawei Technologies Tajikistan, ва ширкати олмонии ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG Ёддошту протоколҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иртиботи моҳворавӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази миллии радиомониторинг ба имзо расиданд.
Дар анҷом, байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон санади ҳамкорӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия ба имзо расонида шуд.
Имзои ин ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло Сардори Хадамоти алоқа, роҳбарони зерсохторҳои Хадамот ва ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.
Татбиқи ин санадҳо қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.