Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ICT Forum Tajikistan 2026) баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ, операторони алоқа, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои коршиносӣ масъалаҳои рушди иқтисоди рақамии кишвар ва дурнамои онро то соли 2030 баррасӣ намуданд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии форум ислоҳоти соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин мавзуъ муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён суханронӣ намуда, таъкид кард, ки рушди устувори иқтисоди рақамӣ бидуни навсозии инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва такмили низоми идоракунии соҳа имконнопазир аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи сиёсати давлатии рақамикунонӣ дар солҳои охир як қатор ислоҳоти муҳим дар соҳаи алоқа амалӣ гардида, барои рушди шабакаҳои муосири телекоммуникатсионӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, густариши дастрасӣ ба интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва рақамикунонии хизматрасониҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Парвиз Нориён инчунин зикр намуд, ки рушди инфрасохтори рақамӣ, таҳкими амнияти киберӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи алоқа мебошанд.
Дар ҷараёни форум инчунин таҳқиқоти байналмилалии IDC White Paper Tajikistan National ICT Development муаррифӣ гардид, ки вазъи кунунии бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва иқтидори рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда, тавсияҳои амалӣ барои суръат бахшидани табдили рақамии кишварро пешниҳод мекунад.
Иштирокдорони форум масъалаҳои рушди шабакаҳои муосири алоқа, истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди марказҳои додаҳо, технологияҳои абрӣ, амнияти киберӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Форум ҳамчун майдони муҳим барои ҳамоҳангсозии талошҳои давлат, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.