Дар Хадамоти алоқа бахшида ба Рӯзи Конститутсия чорабинии илмӣ-оммавӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар рушди соҳаи алоқа» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа ширкат варзиданд. Ҳамчунин масъулини минтақавии соҳаи алоқаба таври маҷозӣ пайваст шуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён ифтитоҳ намуда, дар баромади хеш таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳамаи дастовардҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди соҳаи алоқа ва рақамикунонии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, татбиқи сиёсати давлат дар самти рақамикунонии ҷомеа ва васеъ намудани дастрасӣ ба технологияҳои муосири иттилоотӣ маҳз дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ сурат мегирад.
Сипас, Азим Аҳмадзода, директори ТҶ «Хазинаи авруосиёии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аз заминаҳои таърихии қонунсозӣ ва башардӯстии тоҷикон сухан гуфт. Ҳамчунин ӯ дар мавзӯи нақши қонунҳои асосӣ дар таъмини озодиҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ибрози назар намуд. Ба таъкиди ӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафолати рушди соҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла алоқа ва технологияҳои иттилоотиро фароҳам меорад.
Ҳамчунин, Далери Абдулло, муовини сармуҳаррири нашрияи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, ва Тӯхтабой Қаюмов, собиқадори соҳаи алоқа, оид ба аҳамияти сиёсиву таърихии Конститутсия ва саҳми соҳаи алоқа дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз номи роҳбарияти Хадамоти алоқа ба Азим Аҳмадзода, Далери Абдулло ва Тӯхтабой Қаюмов Сипосномаҳо супорида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.